Гузариш ба матни асосӣ
Ҳамаи мақолаҳо

2 дақиқа мутолиа 71 маротиба хонда шудааст

Гуноҳҳои хурд

Муаллиф

Фаттоҳ Шоҳинӣ

Тасвири мақолаи «Гуноҳҳои хурд»

ГУНОҲҲОИ ХУРД

Баъзан гуноҳи бузург аз он сабуктар менамояд, ки инсон гуноҳи хурдро ночиз ҳисоб ҳисобида ба он аҳамият намедиҳад. Масалан, зино метавонад аз нотавонии инсон дар муқобили нафси худ сар занад. Аммо агар шахс ҳамеша ба чизҳои ҳаром нигоҳ кунад ва ин корро гуноҳи хурд шуморад, ин метавонад ӯро тадриҷан ба гуноҳҳои бузургтар расонад. Ҳамин тавр, ҳатто як-ду бор ғайбат карда, инсон ба гуноҳ одат карда метавонад. Инсон бояд аз нигоҳ ба ҳаром ва ғайбат парҳез кунад ва агар ба чунин гуноҳҳо гирифтор шавад, аз кардааш пушаймон бошад ва дар дилаш нисбат ба гуноҳ эҳсоси нороҳатӣ дошта бошад.

Мисоли дигар — намоз хондан бо ҷамоат аст. Аз миёни фақеҳони киром бархе онро фарзи айн ва бархеи дигар фарзи кифоя донистаанд. Бо вуҷуди ин, касе ки бе интизори ҷамоат намозро саросема ва гӯё барои аз сар гузарондан мехонад, ин беэътиноӣ ва сабук шуморидани намоз аст.

Дар ин маврид бояд ба баёни Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бисёр андеша кард: «Мехоҳам фармон диҳам, ки касе азон гӯяд ва дигаре имом шавад. Сипас ман ба кӯчаҳои Мадина баромада, хонаҳои касонеро, ки ба ҷамоат намеоянд, бар сарашон оташ занам».

Гарчанде тарк кардани ҷамоат ва танҳо, бо шитоб намоз хондан шояд дар оғоз гуноҳи хурд ба назар расад, вале агар инсон онро идома диҳад, он тадриҷан бузург шуда, метавонад ба гуноҳи кабира табдил ёбад. Тарк кардани ҷамоат ба андозае хатарнок мешавад, ки гӯё инсон намозро тарк карда бошад. Тарк кардани намоз аз ҷумлаи гуноҳони бузург аст.

Аз ҳамин сабаб, мӯъмин вақте як намозаш қазо ё тарк мешавад, бояд ғамгин гардад, ашк бирезад, худро сарзаниш кунад ва тавба намояд. Аммо вақте ҷамоатро тарк мекунад, на танҳо чунин андӯҳро эҳсос намекунад, балки ҳатто зарурати тавба карданро ҳам дар худ намебинад. Ин ҳолат ба одат табдил меёбад ва дар натиҷа инсон пайиҳам ба гуноҳҳои зиёде гирифтор мешавад.

Ҳамин маъниро метавон ба бисёр масъалаҳои дигар низ қиёс кард.Инчунин, аз ҳама хатарнок он аст, ки инсон намефаҳмад, ки гуноҳҳо ӯро аз чӣ неъматҳои маънавӣ маҳрум мекунанд.

Бисёр одамон ҳастанд, ки дар онҳо пешрафти маънавӣ дида намешавад. Ба гумони ман, сабаби ин ҳолат он аст, ки онҳо гуноҳҳои хурдро ночиз ва беаҳамият мешуморанд. Чунин беаҳамиятӣ нисбати гуноҳҳои хурд садди роҳи камоли маънавии онҳо мегардад.

 


Мубодила кунед

Telegram