Гузариш ба матни асосӣ
Ҳамаи мақолаҳо

3 дақиқа мутолиа 31 маротиба хонда шудааст

НОУМЕД МАБОШ...

Муаллиф

Содиқ Билол

Тасвири мақолаи «НОУМЕД МАБОШ...»

Паёмбарﷺ ҳазрати Ҷиброилро пурсид :

 - Оё ту механди ?

 Гуфт : бале.

- Паёмбарﷺ ба Ӯ гуфт : кадом вақт ?

Аз вақте, ки рӯзи аввал инсон халқ шуд, то дунёро падруд гуфтанаш аз паи чизе медавад, ки он дар дунё халқ нашудааст .

Паёмбарﷺ дар таъаҷҷуб афтода пурсид :

 - Чист он, ки инсон онро мекобад дар ҳоле, ки дар дунё халқ нашудааст ?

Ҷиброил а.с. гуфт : он роҳат аст.

Худованд азза ва ҷалл роҳатро дар ин дунё халқ накардааст балки онро дар охират халқ кардааст.

Инсон доимо дар ҷустуҷӯи роҳат аст !

 Тифл орзуи калон шавиро мекунад.

Ҷавон мегӯяд : кош ба хурдсолӣ боз гардам !

Пирамард мегӯяд : кош ҷавониям баргардад !

Зандор рӯзҳои безанияшро орзу мекунад.

Шавҳардор орзу мекунад кош рӯзҳои духтариям боз гардад!

Бе зан бошад мегӯяд : кош тезтар зан гирам !

Шахси бе фарзанд : кош фарзанде медоштам.

Шахси кудакдор, ки аз онҳо монда шудааст : кош ҳоло кудакдор намешудам .

Шахсе як ҳамсар дорад : кош дуюмашро гирам то роҳатро бинам !

Ҳар шахс ҷуяндаи роҳат мебошад :

Аммо роҳат дар ин дунё вуҷуде надорад !

Марям а.с. гуфт : кош пеш аз ин кор шудан ( ҳомела шавияш ) мемурдам, аммо намедонист, ки дар шикамаш паёмбаре вуҷуд дорад.

Ҳеҷ гоҳ ноумед машавед, агар чи дидед балову мусибат дарозмуддат шавад !

Мусо а.с. баъди дафни бародараш Ҳорун а.с . танҳоӣ ва торикии қабрро ба ёд овард....пас таъсирбахш шуда гиря кард.

Худованд азза ва ҷалл ба ӯ ваҳйи карда гуфт : 

- Эй Мусо агар ба аҳли қабр иҷозати сухан кардан диҳам, ҳар ойна ба ту лутфи Маро ба онҳо чигуна буданро хабар медиҳанд !

- Эй Мусо ман онҳоро дар ҳоли зинда буданашон ризқашонро медодам, аз ҳамаашон бо хабар будам ва читавр онҳоро фаромуш месозам дар ҳоле онҳо дар ботини заминанд ?!

- Эй Мусо ҳар гоҳе инсон аз дунё мегузарад, ман ба бузург будани гуноҳояш назар намекунам балки назар ба ночорияш мекунам!

Ҳикматҳои зебо !!!

Ҳар гоҳе меваи зайтун бо фишор пахш карда шавад, аз он тозатарин равған ба вуҷуд меояд !

Ҳам чунин мевае пахш карда шавад аз он шароби бо лаззат мебарояд !

Ҳар гоҳе диди ки вазниниву мушкилиҳои ҳаёт туро бо фишор пахш мекунанд, пас бидон Худованди меҳрубон барои ту хайреро омода кардааст !

Худоё мо аз ту ҳусни хотимаро талаб дорем !

Ҳар шахсе, ки мондаи мушкилоти зиндагӣ шудааст, ноумед машавад, пас бидонад , ки Худо дорад !


Мубодила кунед

Telegram
Тасвири мақолаи «Эй нафс!»

4 дақиқа мутолиа

Эй нафс!

Эй нафси сармастам, эй нафси худхоҳам! Магар ин ҳама чизе, ки дар дунё насибат гаштааст, беҳуда аст? Аз куҷо ин ҳама соҳибӣ? Аз куҷо ин нафаси Қорунмонанд ва ин ғурури бе...

Босираи Даврон 38 маротиба хонда шудааст
Тасвири мақолаи «Мафҳуми зиндагӣ ва ҳақиқати бандагӣ»

2 дақиқа мутолиа

Мафҳуми зиндагӣ ва ҳақиқати бандагӣ

Инсон барои чӣ ба дунё меояд? Башарият то имрӯз бояд аз худ пурсанд: мафҳуми зиндагӣ чист? Нафас кашидан чӣ маъно дорад? Чаро ҳаёт ба мо ато шудааст? Ин ҳама нозу неъмат...

Босираи Даврон 30 маротиба хонда шудааст
Тасвири мақолаи «Оё марг роҳи ҳал аст? Оё ман бояд аз он битарсам?»

2 дақиқа мутолиа

Оё марг роҳи ҳал аст? Оё ман бояд аз он битарсам?

Дар сахттарин лаҳзаҳои ноумедӣ, вақте фишори зиндагӣ тоқатфарсо менамояд ва оянда пур аз ранҷу душворӣ ба назар мерасад, инсон гоҳе эҳсос мекунад, ки дигар роҳи баромаде...

Масъуди Солеҳ 147 маротиба хонда шудааст