Гузариш ба матни асосӣ
Ҳамаи мақолаҳо

2 дақиқа мутолиа 30 маротиба хонда шудааст

Мафҳуми зиндагӣ ва ҳақиқати бандагӣ

Муаллиф

Босираи Даврон

Тасвири мақолаи «Мафҳуми зиндагӣ ва ҳақиқати бандагӣ»

Инсон барои чӣ ба дунё меояд? Башарият то имрӯз бояд аз худ пурсанд: мафҳуми зиндагӣ чист? Нафас кашидан чӣ маъно дорад? Чаро ҳаёт ба мо ато шудааст? Ин ҳама нозу неъмат барои чист ва дар ниҳоят, чӣ гуна метавон ҳаққи ин ҳама неъматро ба ҷо овард?Инсон барои бандагии Худованд офарида шудааст. Ӯ дар оғози зиндагӣ монанди гиле аст, ки ҳанӯз шакли ниҳоии худро нагирифтааст. Шахсияти ӯ дар партави имон, тақво, муҳаббат ва ихлос ба Офаридгораш шакл мегирад. Ҳақиқати зиндагӣ аз шинохти худ, шинохти Парвардигор ва дарки ҳикмати офариниш оғоз меёбад. Ҳар қадар инсон бидонад, ки ӯ кист, барои чӣ офарида шудааст ва ба сӯи кӣ бозмегардад, ҳамон қадар ба камоли бандагӣ наздик мешавад.Ҳадафи аслии зиндагӣ танҳо зистан нест, балки бо имон зистан, бо муҳаббат хизмат кардан, аз гуноҳ дурӣ ҷустан ва ҳамеша ба сӯи асли хеш - бандагии Худованд  бозгаштан аст. Инсон бояд ҳамеша ниёзмандии худро дарк кунад ва умедашро ба раҳмату мағфирати Парвардигор бандад.Инсонро метавон ба ниҳоли бамбук монанд кард. Бамбук муддате дар зери хок реша медавонад ва пеш аз он ки сабзиши намоёнаш оғоз шавад, дар ботин қувват мегирад. Инсон низ чунин аст: камолоти ҳақиқӣ ҳамеша дар зоҳир намоён нест. Солҳо имон, сабр, мубориза бо нафс, ихлос ва талошҳои хомӯшона дар вуҷуди ӯ реша медавонанд. Шояд самараи ин талошҳо зуд падидор нашавад, аммо ҳар қадами самимона метавонад ӯро ба камоли маънавӣ наздиктар созад.Пас, ҳақиқати зиндагӣ дар дарозии умр нест, балки дар умқи бандагӣ, самимияти ният ва баракати амалҳост. Мо ба дунё наомадаем,  ки танҳо неъматҳоро истифода барем, балки омадаем то ки онҳоро бишносем, шукр гӯем ва дар роҳи хайр ба кор барем. Зеро дар ниҳоят, арзиши зиндагии инсонро на он чӣ ҷамъ кардааст, балки он чӣ бо имон, муҳаббат ва ихлос ба ҷо овардааст, муайян мекунад.

Мубодила кунед

Telegram