Ранҷу машаққат
Ранҷу машаққат - ягона роҳест барои расидан ба ҳадафҳои баланд ва ба даст овардани натиҷаҳои бузург. Мусофири роҳи ҳақиқат ба воситаи ранҷ аз гуноҳон пок мегардад, бо он қалбу рӯҳаш тоза мешавад ва ба асли худ мерасад. Дар ҷое ки ранҷу машаққат нест, на аз ба камол расидан метавон сухан гуфт ва на аз ҳамоҳанг шудани инсон бо рӯҳи худ.
Ранҷ ҳамон ҳамсафари талх, вале вафодорест, ки марди роҳи ҳақиқат дар ҳар қадам бо ӯ рӯ ба рӯ мешавад. Роҳҳои тӯлонӣ бо ранҷу машаққат дигар якранг намемонанд ва маънои бештар пайдо мекунанд. Зиндагӣ ба воситаи он равшан мегардад ва инсон танҳо бо он лаззат ва шуури ҳақиқии
зиндагиро дарк мекунад. Зиндагии бе ранҷ якранг аст; роҳе, ки бе машаққат тай мешавад, беранг ва
дилгиркунанда аст; мусофирони чунин роҳҳо низ бечорагоне ҳастанд, ки аз зиндагӣ безор шудаанд.
Рӯҳ бо ранҷ ба камол мерасад. Дил бо машаққат рушд мекунад. Рӯҳҳое, ки ранҷ надидаанд,
хоманд; дилҳои бе ранҷ низ гӯё болу парашон шикаста ва беҷонанд.
Ранҷ ба меҳнат ва ба он чизҳое, ки инсон бо заҳмат ба даст меорад, чандин баробар арзиш
мебахшад. Аммо чизҳое, ки бе ранҷу заҳмат ба даст меоянд, монанди моли меросӣ ҳастанд: чун бе
заҳмат ба даст омадаанд, аз даст рафтани онҳо ҳам он қадар ғам намеорад. Оре, маҳз он чизҳое, ки
бо ҳазорон дарду ранҷ ба даст омадаанд, чунон азиз мегарданд, ки инсон барои ҳифзи онҳо ҳатто
ҷонро фидо мекунад.
Агар як миллат ё тамаддун бо роҳбарии инсонҳои бузурге бунёд шуда бошад, ки дард
дидаанд, ранҷ кашидаанд ва аз сахтиҳои зиндагӣ гузаштаанд, чунин миллат устувор, солим ва ба
оянда умедбахш мешавад. Аммо агар он дар дасти касоне рушд карда бошад, ки дар зиндагӣ дарди
ҳақиқиро начашидаанд, аз сахтиҳо нагузаштаанд ва ранҷро таҷриба накардаанд, чунин миллат ё
тамаддун пояи мустаҳкам надорад ва ҳамеша дар хатари суст шудан ва аз байн рафтан қарор
мегирад.
Аз гузашта то имрӯз инсоният гоҳе дар паноҳи инсонҳои меҳрубон ва ранҷкашида зиндагӣ
карда, аз онҳо нерӯ ва ҳаёт гирифтааст ва гоҳе ҳам зери зулм ва фишори золимон қарор доштааст.
Аммо хуштарин лаҳзаҳои зиндагӣ ва ширинтарин завқи ҳастиро ӯ зери сарпарастии он
бузургмардони дардманде чашидааст, ки барои дигарон зиндагӣ мекарданд.
Он бузургмардони ранҷкашидае, ки аз Канъон бархоста, то Бобил рафтанд; дар Шом мисли
офтоб нур пошиданд; барои пайравони худ аз ҳеҷ сахтӣ натарсиданд ва ҳатто ба миёни оташи сӯзон
даромаданд. Онҳо дар баробари «оташи Намруд» ҳам нишон доданд, ки инсон бо имон ва сабр
метавонад дар сахттарин ҳолатҳо устувор бимонад.
Он бузургмардони дардманде, ки барои аз нав зинда кардани миллате, ки рӯҳу нерӯи худро аз
даст дода буд, солҳо миёни Миср ва Сино рафтуомад мекарданд; ҳар бор дар кӯҳи Тӯр аз маънавият
нерӯ мегирифтанд ва баъд онро ба мардум мерасониданд. Дар охир, бо муборизаи худ бар зидди
моддапарастӣ, ҳатто тарзи зиндагӣ ва муносибати мардумро бо дунё дигар карданд...
Он бузургмардони ранҷкашидае, ки барои бозгардондани ҷомеае, ки ҷуз дунё чизеро намедид
ва комилан ба модиёт ғарқ шуда буд, ба асли худ; барои нишон додани роҳҳое, ки инсонро ба олами
рӯҳ мебаранд; ва аз ҳама муҳим, барои дубора зинда кардани андешаи охират дар дилҳо, бо вуҷуди
ҳамаи хатарҳое, ки гирду атрофашонро фаро гирифта буданд, таълиму роҳнамоии худро идома
медоданд. Ҳатто ҳангоме ки дар ҳаққи онҳо ҳукмҳои пасту ноҷавонмардона дода мешуд, бо садои
баланд ҳақиқатро мегуфтанд:
«Бо ханҷар диламро бишкоф, вале ман аз Ту рӯй намегардонам...»Ва ниҳоят, он бузургмардони дардманде, ки ранҷу машаққати ҳамаи меҳнаткашону
азиятдидагони гузашта ва ояндаро ҳар лаҳза дар рӯҳи худ эҳсос мекарданд; ҳар дам гурӯҳ-гурӯҳ
мусибатҳоро бар дӯш мегирифтанд; ҳар лаҳза зери фишор мемонданд ва ҳар дам ғарқи арақу хун
шуда, боз пур мешуданду боз худро холӣ мекарданд...
Оре, онҳое, ки аз паси чунин қоматҳои бузург мерафтанд — инсонҳое, ки ҳамеша ранҷ
медиданд, дарди дигаронро меандешиданд ва мисли шамъ сӯхта-сӯхта об мешуданд — ҳеҷ гоҳ
фиреб нахӯрданд ва ҳеҷ гоҳ ноумед нашуданд.
Оҳ, он роҳнамоёни фиребнопазир! Он бузургоне, ки вуҷудашон пок, дилҳояшон равшан ва сарҳояшон
чун қуллаҳои баланди пурҳайбат, пур аз асрор буд; дар дилҳояшон ҳазорон дарду ранҷ ҷой дошт! Дар ин
рӯзҳое, ки уфуқамон тира, қоматамон аз бори мушкилиҳо хам шудааст ва зери фишори ҳазорҳо сахтӣ қарор
дорем, чӣ қадар ба чунин роҳнамоён пазмон ва муштоқем!.
Ҳар давраи бузург бо талоши чунин инсонҳои дарддида ва ранҷкашида ба вуҷуд омада, боло
рафтааст. Аммо вақте ҷойи онҳоро касоне гирифтанд, ки ранҷ надида ва сахтиро начашида буданд,
он ҳама бузургӣ фурӯ рехт. Зеро онҳо ҷаҳони ботинии худро фаромӯш карда, асири шаҳвату
хоҳишҳои нафсонӣ шуданд ва ба роҳи ҳалокат рафтанд...
Баъд аз Давраи Саодат, онҳое ки ҷомеаро ба хун ва фитна кашиданд, ҳамин рӯҳҳои бе ранҷ
буданд. Дар давраҳои баъдӣ ҳам бисёр саркашӣ ва аз ҳад гузаштанҳо аз ҷониби ҳамин гуна одамон
ба вуҷуд меомад: касоне, ки барои арзишҳои худ ҳеҷ гоҳ гуруснагӣ ва ташнагиро таҳаммул накарда
буданд, аз ватан ва хонаашон ҷудо нашуда буданд ва сахтиҳо, нооромиҳо ва озмоишҳои вазнини
замонро аз сар нагузаронда буданд...
Аз чунин рӯҳҳои хом, ки тамоми умрашонро дар ботлоқи моддапарастӣ ва роҳатталабӣ
гузарондаанд, чӣ гуна фидокориро метавон интизор шуд? Фидокорӣ пеш аз ҳама аз муқобил
истодан ба хоҳишҳои пасти нафс оғоз мешавад ва бо фаромӯш кардани роҳат, хушӣ ва лаззатҳои
шахсӣ ба хотири саодати ҷомеа ба камол мерасад. Вагарна агар фидокорӣ танҳо дар сухан бошаду
дар амал дида нашавад, он чизе ҷуз фиребу дурӯғ барои ҷомеа нест...
Оҳ, эй нафси ман, ки ранҷро намешиносӣ ва аз сахтӣ хушат намеояд! Эй нафсе, ки ошиқи
роҳат, сустӣ ва осудагӣ шудаӣ! Эй нафсе, ки мехоҳӣ лаззату неъматҳои олами дигарро ҳамин ҷо
бичашӣ ва ҳамин ҷо тамом кунӣ! Эй нафсе, ки худро аз ҳама бештар лоиқи инсони комил шудан
медонӣ, вале роҳи камолро ҳанӯз намешиносӣ!
Эй нафсе, ки бо андешаи «рӯз ба ҳамин ҷо, абр ба кӯҳҳо» худро хор кардаӣ ва дарди ширини
ҳастиро дарк намекунӣ! Намедонам, оё метавонам ба ту бифаҳмонам, ки ранҷ инсонро боло
мебарад ва танпарварӣ заҳри кушанда аст?..
Эзоҳ
Танпарварӣ — роҳатталабӣ, танбалӣ ва майли зиёдатӣ ба осудагӣ.