Инсони даъвопарвар
Инсони даъвопарвар касест, ки даъво барои ӯ танҳо як сухан, як вазифа ё як фаъолият нест , балки ба як қисми вуҷуди ӯ табдил ёфтааст. Ӯ чӣ дар қуллаи баланд бошад ва чӣ дар пастиву душворӣ, ҳеҷ гоҳ даъвояшро фаромӯш намекунад. Даъво барои ӯ мисли набзи қалб пайваста ва зинда аст. Ҳар лаҳза дар дилаш як савол дорад:
«Барои ин дард чӣ бояд кард? Ман имрӯз чӣ кор карда метавонам?»
Инсони даъвопарвар ба инсони дардманде монанд аст, ки тамоми вуҷудаш дар ҷустуҷӯи давои дард аст. Ӯ дигар наметавонад нисбат ба он беаҳамият бошад. Чун дард дар дилаш ҷой гирифтааст, ҳар куҷо равад, онро бо худ мебарад.
Ӯ ба модаре монанд аст, ки фарзандашро гум кардааст. Модар дар ҳар кӯча, дар ҳар роҳ ва аз ҳар инсон мепурсад:
«Фарзандамро надидаед?»
Вай наметавонад ором нишинад, то фарзандашро пайдо накунад. Барои ӯ ҷустуҷӯ кардан интихоби оддӣ нест — ин талаботи қалбаш аст. Даъво низ вақте дар қалби инсон ҷой мегирад, ҳамин гуна инсонро тағйир медиҳад. Ӯ дигар наметавонад нисбат ба дарди инсонҳо, ҷаҳолат, гумроҳӣ, бехабарӣ ва дурӣ аз ҳақиқат бепарво бошад.
Аммо даъво ба ҳар инсон дода намешавад ва дар ҳар қалб ҷой намегирад. Агар инсон дар қалбаш чунин масъулиятро эҳсос кунад, бояд онро ҳамчун амонати Маъбуд қабул намояд. Амонате, ки бояд аз гавҳараки чашм ҳам ҷиддитар ҳифз карда шавад. Зеро ҳар амонат рӯзе бозпас гирифта мешавад ва дар рӯзи Мизон аз инсон пурсида хоҳад шуд:
«Бо он чизе, ки ба ту дода шуд, чӣ кардӣ?»
Аз ин рӯ, даъвопарвар будан танҳо зиёд сухан гуфтан ё мардумро ба чизе даъват кардан нест. Даъво пеш аз ҳама дард, масъулият
, муҳаббат ва фидокорист аст.
Ба зиндагии саҳобагони Расули Акрам ﷺ назар кунем, мебинем, ки чӣ гуна онҳо ба рисолат ва масъулияти худ пайваста буданд. Дилҳояшон чунон бо ҳақиқат ва масъулияти даъват пайваст буд, ки муҳаббат ба молу мулк, роҳат, мақом ва ҳатто вобастагиҳои дунёӣ наметавонист онҳоро аз роҳи ҳақ боздорад.
Онҳо вақте ҳақиқатро шинохтанд, онро танҳо барои худ нигоҳ надоштанд. Он чизеро, ки дарёфтанд, ба дигарон расониданро масъулияти худ медонистанд. Ҳиҷрат карданд, аз мол гузаштанд, сахтиҳоро таҳаммул карданд, ҷудоии наздиконро чашиданд ва ҷони худро дар роҳи ҳақиқат ба хатар гузоштанд. На аз он сабаб, ки дунёро дӯст намедоштанд, балки аз он сабаб, ки дар дилашон чизе аз дунё болотар ҷой гирифта буд , ризогии Аллоҳ ва масъулияти расонидани ҳақиқат. Ин аст фарқи инсони оддӣ ва инсони даъвопарвар.
Инсони оддӣ мегӯяд:
«Ман чӣ мегирам?»
Аммо инсони даъвопарвар мепурсад:
«Ман чӣ дода метавонам?»
Инсони оддӣ аз душворӣ мепурсад:
«Чаро ман?»
Аммо инсони даъвопарвар мепурсад:
«Агар ман накунам, пас кӣ мекунад?»
Ӯ ҳар саҳар танҳо барои гузаронидани як рӯзи дигар бедор намешавад. Ӯ бо як масъулият бедор мешавад. Ҳар рӯз барои ӯ як имконият аст , имконияти ба дили касе умед додан, ба як инсон роҳи дуруст нишон додан, ба як ҷавон илҳом бахшидан ва ба як қалби хаста нур расонидан. Даъво вақте ҳақиқӣ мешавад, ки инсон дигар танҳо дар бораи «ман» фикр накунад. Дили ӯ аз ҷояш худ берун меояд. Дардҳои дигаронро дарди худ ҳис мекунад. Хушбахтии дигаронро хушбахтии худ медонад. Ва шаб ҳангоми хоб, пеш аз он ки чашмонаш пӯшида шаванд, боз як савол дар қалбаш зинда мемонад:
«Имрӯз барои амонате, ки ба ман дода шудааст, чӣ кардам?»
Шояд ҳамин савол зиндагии оддӣ инсонро ба зиндагии маънодор иваз мекунад .