Ҳадаф
Ҳадафро инсон бояд чун ҳаво тасаввур кунад, ки вақте ӯ дар зери об аст чи қадар барои нафас гирифтан талош мекунад ҳамон қадар бояд дар роҳи ба ҳадаф расидан саъю талош варзад. Албатта барои шахсе, ки танбал асту барои як аз хоб хестан даҳо бор гӯшиаш садо медиҳад ё оне, ки чашмашро аз сафҳаи намоиши гӯшиаш пеш аз хоб канда наметавонад, дар ин масир қадам задан ба маротиб душвортар аст.
Ҳамаи мо бар он ақидаем масири ба ҳадаф расидан хеле пурпечу тоб ва пастию баландиҳои зиёде дорад, аммо аксари мо ҳоло шурӯъ накарда хаста шудаем ё ба ҳарфҳои чанд танбали дигар гӯш мекунем, ки худ коре накардаанду зиндагияшонро бо шикасту рехти дигарон хулоса мекунанд. Дар ҳақиқат шахсе, ки наметавонад, ҳеҷ гоҳ ба ту маслиҳати муфиде дода наметавонад. Аксар вақт диққат карда бошем шахсоне, ки таҷрибае касб кардаанду ба ҷое расиданд, ҳангоми муошират таҳти ҳама гуна шароит маслиҳати мусбат медиҳанд. Яъне ба ҳама ба як дидгоҳ назар кардан хато аст, ва ағлаб шахсоне ҳастанд, ки ба суханони ҳеҷ кас гӯш намекунанду дар ин масир бо иродаи худ қадам мезананд.
Шахсе ки ба ринг мебарояд ва таъми пирӯзиро мечашад, ва шахсе ки бо давидан ба масофаи сад метр дар чанд сонияи муайян қаҳрамони ҷаҳон мешавад, ё расоме ки дар чанд сонияи кӯтоҳ расми як шахсро тасвир мекунад ва ба монанди ин чандин мисолҳои дигар, меҳнати чандинсоларо натанҳо бо дасту бозуи қавӣ балки бо доштани иродаи шикастнопазир ва рӯҳияе, ки барои расидан ба ҳадаф аз камию костагӣ заъф намеёбад, талаб мекунад.
Агар нишаста фикр кунем, ки бештари вақти мо чӣ тавр ва дар куҷо сарф мешавад, дар 24 соате, ки дар рӯз дорем, шояд аз ҳафтаҳо як соати мукаммал барои ҳадафи худ ҷудо накардаем, ё агар дошта бошем ҳам бе барномарезии амиқу дақиқ, ки ҳар гоҳе мехоҳем коре кунем, саволҳои “Аз куҷо сар кунам?” ё ин ки “Бо кадом услуб пеш равам?” сарамонро гиҷ мекунад. Ва ин ҳадафи мо метавонад ҳавас ё он орзуе, ки ҳеҷ вақт амалӣ шуданӣ нест ном гирад.
Дӯсти азиз! Агар мехоҳӣ чун пулод пурқудрат бошӣ ҳатман аз зери чаккуши зиндагӣ гузашта даҳҳо маротиба ба оби хунуку оташи гарм андохта мешавӣ ва аз чархи рӯзгор сайқал ёфта номи пулодро касб мекунӣ. Ин аст мантиқи роҳи ҳадаф, масире, ки ҳазор нишеби дорад масире, ки охири роҳ инсони ҳақ ба лаззати воқеӣ мерасад. Пас гар дар зиндагӣ ҳадафе дорем ва онро мехоҳем ба субот бирасонем, ягона роҳи расидан ба он на ба хобу ғафлат, балки бо иродаи оҳанин, рӯҳияи шикастнопазир ва саъю талоши бисёр ба даст меояд.