Гузариш ба матни асосӣ
Ҳамаи мақолаҳо

6 дақиқа мутолиа 63 маротиба хонда шудааст

Нафасҳое, ки ташнаи онҳо будем

Муаллиф

Фаттоҳ Шоҳинӣ

Тасвири мақолаи «Нафасҳое, ки ташнаи онҳо будем»

Нафасҳое, ки ташнаи онҳо будем

Ҳама чизро шунидем, ҳама чизро дидем ва дар миёни ҳодисаҳои бешуморе қарор гирифта, ба мавҷҳои онҳо гирифтор шудем. Аммо натавонистем ғаму андӯҳро аз худ дур созем ва ба оромиш бирасем. Натавонистем эҳсосоти худро сероб карда, ба оромиши қалбӣ даст ёбем. Зеро ниёзҳои мо як чиз буданд, аммо он чи барои баровардани он ниёзҳо ба мо дода мешуд, тамоман чизи дигар буд.

Мо мунтазири инсони содиқу фидокоре будем, ки ба назди гунаҳкорону хатокорон равад, дарди дилҳои шикастаро эҳсос кунад ва ҳамроҳи онҳо аз ғам бинолад. Инсоне, ки суханонаш таъсирбахш, қалбаш пур аз муҳаббату сӯз ва гуфтораш бисёр ҷиддиву самимӣ бошад...

Солҳои дароз ҳамеша мунтазири он мардони ҳақиқате будем, ки дар имону маърифат чун кӯҳҳо устувор бошанд; мардоне, ки тасаллиҳои ба мо пешниҳодкардаашонро бо хотири ҷамъ қабул кунем ва битавонем бо самимият умқи дилҳои худро ба рӯяшон боз намоем. Ҳангоме ки гуруснагӣ, бемориҳо ва тарсу ҳарос пайи ҳам бар сари мо фурӯ мерехтанд; вақте ки фақру бечорагии шармовартарин рӯҳи моро мехӯрд ва иродаамонро фарсуда месохт, мо бо умедҳои дурахшони худ ҳамеша нафасҳои ҳаётбахши ӯро дар канори гӯшҳоямон эҳсос мекардем ва бо умед ҷони тоза мегирифтем.

Агар то имрӯз он чиро, ки эҳсос кардаву дарк намуда будем, пайдо мекардем ва агар ба он чи пайдо карда будем, бовар карда метавонистем, бисёр камбудиҳо бартараф мешуданд ва бисёр монеаҳои гузаштанашон номумкин паси сар мегардиданд. Аммо мо ҳазор бор ҷамъ омадем; ҳазор бор аз умед лабрез шудем. Ҳазор бор барои ворид шудан ба маҳфили дӯстӣ омода гардидем ва ҳазор бор аҳду паймони худро шикастем. Зеро он чиро меҷустем, пайдо намекардем ва дар он чи пайдо мекардем, чизҳои ҷустуҷӯкардаамонро намедидем! Мо дилҳое доштем, ки ташнаи шафқату муҳаббат буданд. Инсоният мехостанд; ҷавонмардиву некӯкорӣ мехостанд. Афсӯс! Ба рӯҳҳои мо шарбати бадбахтиву фақр нӯшонида мешуд ва мехостанд дилҳои моро ба ҳазору як навъ дағаливу бераҳмӣ одат диҳанд. Мазлумон, ситамдидагон ва одамони бечора аз ин сӯ ба он сӯ ронда мешуданд ва мо дар миёни ғаму изтиробҳои беохир аз дарун азоб мекашидем ва рӯз ба рӯз рӯҳан фарсуда мешудем. Бо вуҷуди ҳолати фақиронаву гиряовари худ, ки аз «тағйиротиноодилона, асоратҳо, зулму ҳукмрониҳо, хориву зиллатҳо, гирифториҳои гуногун ва бемориҳои мухталиф» ба вуҷуд омада буд, пайваста мавриди сӯистифода қарор мегирифтем ва ба василаи ҳирсу тамаъҳои сернашаванда табдил меёфтем. Аз ҳамин сабаб, дигар ба ҳар кас бовар карда наметавонем ва ба ҳар дил дилбаста шуда наметавонем. Мо «дар ҷустуҷӯи маҳбуби гулрухсорем вамрухсори сурх мехоҳем; дар интизори фатҳкунандаи Хайбар ҳастем ва дар паҳлуи ӯ Қанбарро интизорем». Хоҳ пайдо кунем, хоҳ пайдо накунем, мо, ки ҷонамон ба лаб расидааст, дигар покиву сафо мехоҳем, самимият мехоҳем ва дар роҳи ин ошиқони шайдо фидокории холисонаву беғаразона мехоҳем.

Пас аз дидани ин қадар беэътиноӣ ва ҳатто хиёнат, ғолиб омадан бар шубҳаҳои худ ва бо таҳаммулу гузашт муносибат кардан бо онҳое, ки пеши рӯямон меоянд, барои мо ба ғафлат монанд менамояд. Оре, бо вуҷуди тамоми нияти нек ва таҳаммулпазирии худ, наметавонем аз дудилагиҳои худ дар ин масъала бигзарем ва аз фазои беэътимодӣ берун оем.

Барои он ки мо ба онҳо бовар кунем ва шубҳаҳоямон аз байн раванд, қаҳрамонони мо бояд самимияти худро на танҳо бо сухан, балки бо рафтору амалҳои пайвастаашон нишон диҳанд.Ба шарофати ин рафторҳои боварибахши онҳо мо аз бори гарони бадгумонӣ ва беэътимодие, ки солҳо бар дӯш кашидаем, раҳо хоҳем шуд.

Мо аз даъватҳое, ки танҳо бо сухан анҷом дода мешаванд; аз рафторҳои носамимӣ ва дур аз ҷиддият; аз қаҳрамониҳои сохтае, ки ба пирӯзиҳои бадастомада дил бастаанд; аз сӯхтан дар орзуи танҳо зиндагӣ кардан; аз ҳирси комёбиву пешрафти шахсӣ ва аз хоҳиши мақому мансаб безор шудаем. Мо аз Ҳераклити худ иродае интизорем, ки тавонад аз кӯҳи Қоф об биёрад; дар рафторҳояш устувории боварибахш дошта бошад; пирӯзиҳояшро бо нури чашм ва заҳмати дастони худ ба даст оварда бошад; ба хотири зинда нигоҳ доштани дигарон аз неъматҳои моддиву маънавии худ гузашт кунад ва фидокорӣ, холисӣ ва дигаронро аз худ боло донистанро пеша намояд.

Андешаҳояш комилан софу холис ва роҳҳояш бидуни каҷравию печутоб, росту мустақим бошанд. Андеша кунад, зиндагӣ кунад, он чиро зиндагӣ мекунад, ба забон оварад ва баён намояд. Дурӯя набошад ва моро фиреб надиҳад...!Дар чеҳрааш нишонаҳои ҳазорон дарду ранҷ намоён бошад! Чашмонаш ашкбор, дилаш пурдард ва виҷдонаш бедор бошад...! Худро ҳисобот додан ва бузургвории макони ибодату тарбияи ахлоқӣ ва маънавиро; мантиқ ва тафаккури мактабро; интизом ва итоати сарбозхонаро дар рафтору гуфтори худ таҷассум намояд ва бо ин ҳама камолоти худро ба мо нишон диҳад...!

Инсони моро, ки қалбаш аз ақлаш ҷудо карда шуда, рӯҳаш аз виҷдонаш маҳрум гардида ва танҳо бо баъзе аз хусусиятҳои муайянаш ба зиндагии муштарак даъват шудааст, аз буҳрони чандинасрааш наҷот диҳад ва ӯро бо фитрату табиати аслии худаш дубора муттаҳид созад!

Ҳаққи Худовандро аз ҳама чиз болотар бидонад; дар андеша ва хидмат ҳама чизро танҳо ба худ вобаста надонад; ва ҳатто як лаҳза фаромӯш накунад, ки роҳҳои расидан ба ҳадафи олӣ ба шумораи нафасҳои тамоми махлуқот бисёранд!

Дар хидмат пешқадам ва дар сафҳои аввал бошад; аммо дар гирифтани музду подош ҳамеша ба ёд дошта бошад, ки ҷойгоҳи ӯ дар сафҳои хеле ақиб аст. Ва ҳадди ақал мисли Катон, пас аз адои масъулиятҳои худ дар баробари мардумаш, аз мақому мансаб канор рафта, дар гӯшае ба интизори лаҳзаиммасъулияту вазифаи дигар бинишинад!

Аввалин мардони ҳақиқати он ҷаҳони муборак, вақте ба онҳо роҳбарӣ пешниҳод мешуд, аз он мегурехтанд. Ва ҳангоме ки маҷбур мешуданд онро ба дӯш гиранд, борҳо ва борҳо худро аз вазифа барканор кардан мехостанд ва хоҳиш менамуданд, ки шахсиятҳои дигаре, ки истеъдоду шоистагии бештар доранд, ба сари кор оянд...

Касоне, ки масъулияти бунёди ҷаҳони навро бар дӯш гирифтаанд, ҳатман бояд ҳамин роҳро пеш гиранд. Вагарна, мақому мансабҳо маҳдуданд, аммо хоҳишмандони онҳо бешуморанд. Ин ҳолат метавонад боиси ҷанҷолу ихтилофҳои сахте гардад, ки пешгирӣ кардани онҳо бисёр душвор хоҳад буд. Хусусан, агар ин рӯҳияи мансабталабӣ ба ҷавонони камтаҷриба ва пурҳаяҷон низ гузарад...

Намедонам, оё метавонем он инсонҳои пур аз самимиятро, ки ҳамчун роҳнамоён мунтазирашон ҳастем, бубинем ё не..? Аммо мо бори дигар таъкид хоҳем кард, ки ба ин нафасҳои ваъдадиҳандаи оби ҳаёт, мисли ҳаво ва об, ниёзманд ҳастем. Ва аз Офаридгори Бузург бо забони «моҳии дар дарё ва оҳуи дар кӯҳсор» хоҳиш хоҳем кард, ки моро зиёд мунтазир

нагузорад.

Мубодила кунед

Telegram