Танзими вақт дар замони мо ба яке аз мушкилоти ҷиддии аср табдил ёфтааст. Ҳама дар ҷӯшухурӯши кору зиндагӣ ҳастанд, аммо на ҳамеша натиҷаи заҳматҳоямон ба андозаи вақту нерӯе сарф мекунем , ки назаррас аст. Гӯё ҳамеша дар интизори фурсати муносибем, дар ҳоле ки вақт беист мегузарад.
Агар ба таърихи гузашта назар андозем, мебинем, ки саҳобагон ва бузургони ислом дар муддати кӯтоҳ корҳоеро анҷом додаанд, ки имрӯз шояд мо барои иҷрои онҳо солҳои зиёдро сарф кунем. Пас, сабаби ин фарқият дар чист?
Албатта, муқоисаи давронҳои гуногун аз ҳар ҷиҳат дуруст нест. Аммо мо метавонем аз зиндагии онҳо дарси бузурге омӯзем ; ихлос дар ният, қувват дар имон, устуворӣ дар амал ва таваккал ба Худованд. Онҳо на танҳо ба Худованд таваккал мекарданд, балки тамоми сабабу воситаҳои мавҷудро низ ба кор мебурданд. Аз як тараф, бо тамоми қувват амал мекарданд ва аз тарафи дигар, натиҷаро ба Худованд месупориданд.
Пас, барои танзими дурусти вақт, инсони муъмин бояд пеш аз ҳама ба асли имони худ, ҳадафи зиндагӣ ва масъулияташ назар андозад. Мо баъзан дар талоши ба даст овардани дунё, молу мансаб ва расидан ба мақом чунон ғарқ мешавем, ки мақсади асосии ба ин дунё омадаамонро фаромӯш мекунем. Ҳадафи зиндагӣ, масъулияти имонӣ ва вазифаи инсониамон дар миёни машғулиятҳои рӯзмарра гум мешаванд.
Вақте инсон асли худро фаромӯш мекунад, тадриҷан қуввати маънавии худро низ аз даст медиҳад. Ӯ аз ҷиҳати зоҳирӣ серкор аст, аммо аз ҷиҳати ботинӣ хаста, саргардон ва беқарор мемонад. Дар натиҷа, на танҳо вақтро аз даст медиҳад, балки дар муқобили мушкилот ва васвасаҳо низ ноустувортар мегардад.
Мо дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунем, ки неруҳои зидди арзишҳои имонӣ ва ахлоқӣ бо истифода аз василаҳои гуногун инсонро аз ҳадафи аслиаш дур кардан мехоҳанд. Шайтони лаъин низ бо васвасаҳо ва фиребҳои худ инсонро ба ғафлат, танбалӣ, беҳудагузаронии вақт ва фаромӯш кардани масъулият водор мекунад. Агар инсон аз ҷиҳати маънавӣ омода набошад, дар баробари ин таъсирҳо зуд заиф мегардад.
Пас, роҳи ҳалли масъала танҳо тартиб додани ҷадвали рӯзона нест , балки тарбияи рӯҳ, ислоҳи ният ва мустаҳкам кардани имон низ мебршад.
Мо бояд нақшаҳои зиндагӣ ва фаъолияти худро бар асоси арзишҳои имонӣ тарҳрезӣ кунем. Пеш аз он ки аз худ бипурсем: «Имрӯз чӣ кор кардам?», бояд бипурсем: «Барои чӣ зиндагӣ мекунам? Вақтамро дар роҳи кадом ҳадаф сарф мекунам? Оё корҳои имрӯзам маро ба ҳадафи аслиам наздик кардаанд?»
Рӯҳҳои мо низ ба ғизо ниёз доранд ; ғизои имон, ибодат, зикр, тафаккур, илму дониш ва суҳбати инсонҳои солеҳу ҳадафманд. Агар танҳо ба корҳои зоҳирӣ машғул шавему аз тарбияи ботини худ ғофил монем, дер ё зуд хаставу беангеза хоҳем шуд.
Барои ин ки дар муқобили душвориҳо устувор бошем, бояд аз ҷиҳати имонӣ, илмӣ, фикрӣ ва амалӣ худро омода созем. На танҳо бештар кор кардан, балки дурусттар, бошууронатар ва бо ихлоси зиёдтар кор карданро омӯзем.Зеро муваффақият танҳо дар серкорӣ нест, балки дар самаранокии амал, баракати вақт ва дурустии ҳадаф аст.
Хулоса, пеш аз танзими вақт бояд худи инсонро ба танзим овард ; ниятро ислоҳ намуд, имонро қавӣ сохт, ҳадафро равшан кард ва масъулиятро шинохт. Вақте инсон медонад, ки барои чӣ зиндагӣ мекунад ва ба куҷо меравад, вақти худро низ бо маъно ва масъулияти бештар истифода мебарад. Мо бояд чунон аз ҷиҳати имонӣ, илмӣ ва маънавӣ рушд кунем, ки на танҳо аз душвориҳои замон таъсир нагирем, балки бо хидмати содиқона, иродаи қавӣ ва амали дуруст ба дигарон низ роҳнамо бошем. Зеро , вақти мо танҳо дороии шахсии мо нест балки он амонатест, ки дар баробараш масъулият дорем.