Хусусан модароне, ки ба зиндагии ҷовидонӣ ва охират имон доранд ва аз ин рӯ, на танҳо зиндагии ҷисмонӣ ва моддӣ, балки ҳаёти рӯҳонӣ ва охиратиро низ доро мебошанд! Ин гуна модарон дар ҷаҳоне, ки зиндагии моддӣ ва маънавӣ, ҷисм ва рӯҳ бо ҳам пайвастаанд, бо фарзандони худ чунон пайванди қалбии қавӣ доранд, ки онро тасаввур кардан душвор аст. Ҳатто муносибатҳое, ки мардум онҳоро бисёр наздик ва мустаҳкам мешуморанд, дар муқоиса бо меҳру муҳаббати модар ва фарзанд хеле заиф ба назар мерасанд. Аммо фаҳмондани ин ҳақиқат ба касоне, ки имон ва ширинии зиндагии ҷовидониро эҳсос накардаанд, чандон осон нест. Оре, фаҳмондани он ки чаро меҳру муҳаббати модарон ҳамеша ин қадар қавӣ ва устувор боқӣ мемонад, самимияташон ҳеҷ гоҳ кам намешавад, қалбҳояшон ҳамеша пур аз муҳаббат аст ва нигоҳҳои пур аз меҳру эътимодашон ба дилҳои мо роҳ меёбанд, кори бисёр душвор аст. Онҳо бо вуҷуди он ки дар ин дунёи гузаранда ба воя расидаанд, чӣ гуна ин қадар аз эҳсосоти ҷовидонӣ ва маънавӣ саршор мебошанд? Боре андеша кунед! Онҳо барои мо чӣ қадар вақт омодагӣ дида, чӣ қадар заҳмат кашидаанд! Бо чӣ қадар мушкилоте рӯ ба рӯ шудаанд, ки бартараф кардани онҳо ғайриимкон менамуд, вале аз ҳамаи онҳо гузаштаанд! Бо чӣ ҳодисаҳои сахту душвор мубориза бурдаанд! Чӣ қадар бо хаёлу андӯҳ зиндагӣ кардаанд! Чӣ қадар аз орзуву рӯъёҳо пур шуда ва боз холӣ гаштаанд! Чӣ қадар аз ноумедиву шикастҳои рӯҳӣ ранҷ кашидаанд! Чӣ қадар сахтиву душвориҳоро ба дӯш гирифта ва зери фишори чӣ қадар ранҷу машаққат қарор гирифтаанд! Чӣ қадар дард кашида ва нола кардаанд! Чандин бор бо овози баланд гиристаанд ва чӣ қадар гиряҳои моро ором кардаанд! Чандин бор қалбҳояшон аз меҳру шафқат пур шудааст ва чандин бор худашон низ ба меҳрубонӣ ниёз доштаанд!
Хулоса, онҳо барои мо чӣ чизҳои арзишмандеро сарф карда ва чӣ қадар заҳмат кашидаанд! Ҳамаи инро анҷом додаанд, вале дар иваз ҳеҷ чизе интизор нашудаанд. Оре, агар касе бошад, ки моро аз нахустин лаҳзаҳои ба дунё омаданамон ба оғӯш гирифта, бӯйида, бӯсидаву навозиш кардааст, ғаму ташвишҳоямонро сабук намуда ва дар сахтиҳоямон ҳамроҳи мо будааст, он модар аст. Агар касе бошад, ки худ нахӯрда, ба мо хӯрондааст, худ напӯшида, моро пӯшондааст, гуруснагиву серӣ ва ниёзҳои худро дар гуруснагиву серӣ ва ниёзҳои мо эҳсос кардаву зиндагӣ намудааст, он модар аст. Агар касе бошад, ки барои хушбахтӣ ва саодати мо бо кӯшишу заҳмати зиёд ба сахтиҳое сабр кардааст, ки ҳатто тасаввур карданашон душвор аст, он модар аст. Агар касе бошад, ки ба мо роҳи рушди ҷисмонӣ, мустаҳкам шудани ирода, тезу равшан шудани ақл ва ба охират равона шудани ҷаҳонбиниамонро нишон додааст ва дар баробари ҳамаи ин корҳо ошкоро ё пинҳонӣ ҳеҷ чизе аз мо интизор надоштааст, он танҳо модар аст. Мо қисми муҳими зиндагии худро дар оғӯши модарон ва дар фазои муҳаббати онҳо мегузаронем. Оғӯше, ки аз парҳои рангоранги товус зеботар, аз ҷаҳони сеҳрангези гулҳо дилработар, аз лонаҳои парандагон гармтару зиндатар ва аз амнтарин паноҳгоҳҳо муҳофизаткунандатару боэътимодтар аст. Оре, мо шодиву ҳаяҷони ҳифзу нигоҳубин, роҳу усулҳои ғамхорӣ ва тамоми намудҳои ошкору пинҳони муҳофизату меҳрубониро дар вуҷуди модарон дидаем, шинохтаем, эҳсос кардаем ва аз онҳо баҳра бурдаем. Хусусан вақте ки ниёзмандиву нотавониҳои мо бо заъф, норасоӣ ва баъзе нохушиҳои зиндагӣ якҷо шуда, бар сари мо фурӯ мерехтанд, ҳамеша ба онҳо паноҳ мебурдем ва кӯшиш мекардем монеаҳои пешомадаро бо ёрии онҳо паси сар кунем. Ҳар гоҳ мо ба онҳо паноҳ мебурдем, онҳо бо тамоми гармии қалбашон моро ба сина мефишурданд ва ба дилҳои ноороми мо амнияту оромиш мебахшиданд. Ба фикрам, дар чунин лаҳзаҳо ҳар инсон аз қаъри дили худ ва аз нигоҳ, табассуму ҳаракатҳои чеҳраи модараш эҳсосоти пурқувват, меҳру шафқати нарм ва шеъри хомӯшеро эҳсос мекунад.
Мо дар миёни ин рӯзҳову шабҳои пурэҳсосу пурорзу, ки дар канори модаронамон мегузаштанд, гӯё ҳамеша дар хоби ширини саодат зиндагӣ мекардем. Дар лаҳзаҳои орому зебои зиндагӣ, ширинтарин оҳангҳои ҳаётро аз синаҳои модарон мешунидем, ки мисли торҳои нозуки соз садо медоданд. Ба андозаи дарку шуури худ мегуфтем: «Шояд хушбахтии ҳақиқӣ ҳамин бошад». Ва аз шиддати он лаззату оромиш худро фаромӯш мекардем. Модар яке аз муҳимтарин асосҳои офариниш, пурбаракаттарин такягоҳи ҷаҳони инсоният ва нури чашмони мост. Мо ҳама дар назди модар қарздорем, қарзе, ки адо кардани он аз тавони мо берун аст ва масъулияте бар дӯш дорем, ки аз ҳама масъулиятҳо сангинтар аст. Мо дар назди модар аз вазнинии ин қарз қомат хам кардаем. Аммо ҳамин бори гароне, ки бар дӯш дорем, шаъну шарафи моро низ то ба осмонҳо баланд бардоштааст. Сарчашмае, ки ба пӯлоди дурахшони вуҷуди модар обутоб мебахшад, шояд фаввораҳои биҳиштӣ бошанд, ки фариштагон монанди кабӯтарони сафед бар сари онҳо фуруд меоянд ва боз парвоз мекунанд. Агар чунин намебуд, оё нури рӯҳи ӯ метавонист чашмони моро ин қадар хира созад? На танҳо нури ӯ, балки ҳатто сояаш низ метавонад парвонаҳоро бисӯзонад. Ман ҳанӯз ҳам дар ҷаҳони ботинии худ аз таъсири эҳсосоти азиму такондиҳандае, ки ин мақоми волои модар дар дилам бедор кардааст, пурра раҳо нашудаам. Нури модар, чунон ки имрӯз беҳтар эҳсос мекунам, сарчашмаи як рӯшноии пурасрор аст, ки дилҳои торики моро равшан месозад. Модар қаҳрамони меҳру шафқат аст, ки нозукии рӯҳ ва ҷасорати қалбро ҳамеша дар баробари ҳам нигоҳ медорад. Аз ҷиҳати меҳрубонӣ, дилсӯзӣ ва латофат, модар мисли пар нарм ва мисли абрешим нозуку латиф аст. Аммо вақте сухан аз ҳифзу муҳофизати фарзандонаш меравад, мисли шери ҷасур қавию неруманд ва омодаи мубориза мегардад. Аз ҳар чизе, ки дар зери ин осмон вуҷуд дорад, дасти модар болотар аст. Ва роҳи расидан ба биҳишт аз зери пойҳои ӯ мегузарад.
Аллоҳ дар Китоби худ ба модар чунон бузургӣ ва мақоми баланде ато кардааст, ки тамоми қудрату мақомҳои рӯйи замин дар муқоиса бо он мисли тоҷҳои беарзише ба назар мерасанд, ки бар сари одамони нолоиқ гузошта шудаанд. Дар ҳақиқат, тоҷҳое, ки бар сарҳои хамида дар назди пойҳои модар ҷойгоҳи худро наёфтаанд, ҳеҷ арзиши пойдору ҷовидона надоранд. Эй мавҷуди воломақом, ки монанди рӯҳҳо нозук, мисли фариштагон пок ва ба андозаи осмонҳо амиқу бузург ва арзишманд ҳастӣ! Олами ғайб туро аз ҳама чиз арзишмандтар медонад ва нозу хоҳишҳои туро бо меҳру муҳаббат қабул мекунад. Садои шуҳрату бузургии ту то ҷойҳое мерасад, ки фариштагон дар он ҷо ҳастанд, ва суруди зиндагии ту дар гӯшаҳои биҳишт садо медиҳад. Ту ҳамеша бо қалбе зиндагӣ кардӣ, ки аз меҳру муҳаббат ва дилсӯзии зиёд дарду ранҷ мекашид ва имону арзишҳои гаронбаҳои динӣ мисли гарданбанди зебое бар гарданат овезон буданд! Мо ҳама гирифтори меҳру муҳаббати ту ҳастем ва ту мисли подшоҳи бетоҷе ҳастӣ, ки бо риштаҳои меҳрубонӣ, вафодорӣ ва самимият моро ба муҳаббати худ ҷалб кардаву дилҳоямонро ба худ бастаӣ. Агар дар ин дунё ҳар чизе рӯҳ ва асоси зиндагии худро дошта бошад, пас рӯҳ ва асоси зиндагии мо низ ту ҳастӣ, эй модар! Аллоҳ дар субҳи қиёмат туро бо нурҳои зоти поки Худ равшан гардонад! Ояндаи ту мисли гӯшаҳои биҳишт, ки дар онҳо шодии рӯзи ҷумъа намоён мегардад, пур аз шодиву хурсандӣ бод ва расиданат ба саодати ҷовидонӣ муборак бошад!