Магар фаромӯш кардаем, ки рӯзе мерасад, ки на молу мансабе ба додамон мерасад ва на он чеҳраҳои сохтаамон моро наҷот медиҳанд? Рӯзе, ки пардаҳо аз рӯйи ҳақиқат бардошта мешаванду он чӣ дар синаҳо пинҳон доштаем, ошкор мегардад. Он рӯз наметавонем бо суханони сохта худро бегуноҳ нишон диҳем ва наметавонем бо айбдор кардани дигарон аз масъулияти хеш бигурезем.
Чӣ қадар осон аст, ки барои сафед кардани худ дигареро сиёҳ кунем, барои пинҳон кардани зиштии ботини худ ба зоҳири дигарон санг занем ва барои ҳифзи обрӯи хеш обрӯи инсони бегуноҳро барбод диҳем. Гӯё фаромӯш кардаем, ки ҳақиқатро бо дурӯғ пӯшондан мумкин аст, аммо нобуд кардан не. Метавонем дар чашми мардум худро бегуноҳ нишон диҳем, аммо магар аз назари Худованд чизе пинҳон мемонад? Эй нафсам, то ба кай бо айбҳои дигарон худро таскин медиҳӣ? То ба кай ба ҷойи ислоҳи нафси хеш, ба шумориши хатоҳои дигарон машғул мешавӣ? Магар он қадар аз худ дур шудаем, ки дигар садои виҷдони худро намешунавем? Магар он қадар ба нафси худ ҳақ додаем, ки ҳатто гуноҳи хешро дар либоси ҳақиқат ба дигарон нисбат медиҳем? Дар ҳақиқат, даҳшатноктарин ҳолат он нест, ки инсон гуноҳ мекунад, балки он аст, ки гуноҳ мекунаду худро бегуноҳ нишон медиҳад ва барои сафед кардани худ бегуноҳеро гунаҳкор месозад. Зеро гуноҳе, ки бо тавба шинохта мешавад, метавонад оғози бозгашт бошад, аммо гуноҳе, ки бо такаббур ҳимоя мешавад, инсонро аз шинохти хеш маҳрум месозад.
Эй кош, пеш аз он ки ангушти иттиҳомро сӯи дигаре дароз кунем, лаҳзае онро ба сӯи худ баргардонем. Эй кош, пеш аз шикастани дили инсонҳо, ба шикастаҳои дили худ назар андозем. Эй кош, пеш аз он ки касеро душмани ҳақиқат эълон кунем, аз худ бипурсем , ки оё мо воқеан дар роҳи ҳақем ё танҳо мехоҳем ҳақиқат ҳамон чизе бошад, ки нафси мо мехоҳад?
Зеро на ҳар касе, ки моро танқид мекунад, душмани мост ва на ҳар касе, ки моро таъриф мекунад, хайрхоҳи мост. Баъзан он касе, ки айби моро ошкор мекунад, моро ба бедорӣ даъват мекунад ва он касе, ки моро ҳамеша бегуноҳ нишон медиҳад, моро ба хоби ғафлат мебарад.Эй инсон, аз рӯзи ҳисоб битарс, аммо пеш аз он аз хоби ғафлати худ бедор шав! Пеш аз он ки дигаронро муҳокима кунӣ, нафси худро муҳосиба намо. Пеш аз он ки ҳаққи касеро поймол кунӣ, ба ёд ор, ки ашки мазлум метавонад дари дуоеро бикӯбад, ки байни он ва Худованд ҳеҷ пардае нест. Дунё гузарон аст, аммо осори рафтори мо боқӣ мемонад. Сухани дурӯғ шояд имрӯз обрӯеро барад, туҳмат шояд имрӯз инсонеро танҳо созад ва найранг шояд имрӯз моро пирӯз нишон диҳад. Аммо пирӯзие, ки бар пояи зулм бунёд шудааст, ҷуз шикасти дер ё зуд ошкоршаванда чизе нест. Пас, эй инсон, биё пеш аз он ки дер шавад, ба инсонияти худ баргардем. Биё ба ҷойи ҷустуҷӯи айби дигарон, дар фикри пок кардани қалби худ бошем. Ба ҷойи душман сохтани инсонҳо, ҳақиқатро дӯст дорем. Ба ҷойи сафед кардани хатоҳоямон, ҷуръати эътирофи онҳоро пайдо кунем. Зеро бузургии инсон дар он нест, ки ҳеҷ гоҳ хато намекунад балки бузургии ӯ дар он аст, ки ҳангоми хато кардан ҳақиқатро инкор намекунад, ҳаққи дигаронро намехӯрад ва барои наҷоти худ каси бегуноҳро қурбон намесозад. Ва фаромӯш накунем , рӯзе мерасад, ки инсон на бо айбҳои дигарон, балки бо ҳақиқати зиндагии хеш рӯ ба рӯ мешавад. Он рӯз дигар ниқобҳо ба кор намеоянд , танҳо ҳақиқат мемонад, амалҳои мо ва доварии Худованди одил.