Гузариш ба матни асосӣ
Ҳамаи мақолаҳо

4 дақиқа мутолиа 77 маротиба хонда шудааст

Қутбнамои кунҷковӣ

Муаллиф

Масъуди Солеҳ

Тасвири мақолаи «Қутбнамои кунҷковӣ»

Чӣ тавр ман медонам, ки чӣ чиз муҳим аст?

Ин моро боз ба машғулиятҳои дӯстдоштаамон бармегардонад. Чизҳое, ки бисёр вақт ҳамчун парешонкунанда аз корҳои ҷиддии зиндагӣ ҳисобида мешаванд. Вақте ки мо муддати дароз худро холӣ ё гумшуда ҳис мекунем,  калимаи «шавқ» барои мо мисли забони бегона садо медиҳад.

Аммо, шавқ чизе нест, ки баъзе одамон бо он таваллуд мешаванду дигарон не. Шавқ мисли шарора аст. Чӣ тавре ки шарора аз бархӯрди ду чизи сахт пайдо мешавад, шавқ низ ҳангоми оғоз кардани кор ба вуҷуд меояд. Ҳар кас бояд шавқи худро аз дохили ягон кор пайдо кунад. Баъзеи мо шоҳмот, пианино, футбол, мотосиклронӣ ё ҳатто пухтупазро дӯст медорем. Аммо аксар вақт ба чунин машғулиятҳо бо як назари махсус нигоҳ мекунем. Мо фикр мекунем, ки ин корҳо барои касби ояндаи мо фоида надоранд. Мо қариб ҷони худро ба ивази дониш додаем.

  Бозӣ баландтарин шакли омӯзиш аст.

             — Алберт Эйнштейн —

Барои ёфтани маънои зиндагӣ ба мо лозим нест, ки устоди машҳури ҷаҳон шавем. Мо танҳо бояд аз пайи нишонаҳои шавқҳои ҳақиқии худ равем — ҳамон корҳое, ки ҳангоми иҷро карданашон худро зинда ҳис  мекунем.

Фарқ надорад, ки ин нон пухтан бошад, шинохтани паррандаҳо ё омӯхтани забони ишора. Муҳим он аст, ки машғулияти дӯстдошта моро аз фикрҳои зиёд берун меорад ва моро водор мекунад, ки бо дастонамон кор кунем.

Он ба мо меомӯзонад, ки чизҳои муҳимро на аз рӯи он чизе, ки бояд кунем, балки аз рӯи он чизе, ки дӯст медорем анҷом диҳем, пайдо мекунем на бо фикрҳои беохир, ки ҳеҷ амалеро ба вуҷуд намеоранд. Чӣ тавр ман роҳи худро пайдо кунам? 

Пайдо кардани роҳи худ маънои ҷустуҷӯи як сирри пинҳон дар харитаи зиндагиро надорад. Ин маънои омӯхтани он дорад, ки чӣ тавр ҳангоми иҷрои ягон кор вақтро пурра фаромӯш кунем. Ҳолати ғарқ шудан дар кор (ҳолати Flow) барои ин мисли қутбнамо аст. Ин ҳамон лаҳзаест, ки мо дигар дар бораи худ фикр намекунем, вақт гӯё дигар хел мегузарад ва мо дигар хавотир намешавем, ки кӣ ҳастем ё кори мо муваффақ мешавад ё не.

Коре, ки дӯст медорӣ, кардан — озодӣ аст. 

Коре, ки мекунӣ, дӯст доштан — хушбахтӣ аст.

             — Фрэнк Тайгер —

Барои бисёре аз мо зиндагӣ вазнин мешавад, зеро мо ҳамеша барои пул ва чизҳои калон давида, фаромӯш мекунем, ки ҳар рӯз воқеан зиндагӣ кунем. Мақсади зиндагӣ ягон сирри бузург нест. Онро дар лаҳзаҳои хурд пайдо кардан мумкин аст, масалан, вақте ки машғулияти дӯстдоштаатро бо тамоми дил иҷро мекунӣ. Агар мо хоҳем худро хушбахттар ҳис кунем, бояд каме сусттар зиндагӣ кунем, дар бораи оянда ҳамеша худро ба ташвиш наандозем ва ба чизҳои хурде диққат диҳем, ки моро аз зинда буданамон хурсандмекунанд.

 Чӣ тавр инсон ҳолати Flow-и худро пайдо мекунад?

Ҳолати ғарқ шудан дар кор (ҳолати Flow) вақте пайдо мешавад, ки ту кореро мекунӣ, ки дӯст медорӣ. Аммо барои беҳтар фаҳмидани он, мо бояд ба мафҳуми Ikigai (маъно ва ҳадафи зиндагӣ) низ назар кунем.

 Ikigai аз чор савол иборат аст:

• Ту чӣ кор карданро дӯст медорӣ?

• Ту дар чӣ кор хуб ҳастӣ?

• Одамони атрофат ба чӣ ниёз доранд?

• Кадом кор метавонад хароҷоти зиндагии туро таъмин кунад? 

Агар ту тавонӣ машғулияти дӯстдоштаатро ба коре табдил диҳӣ, ки ҳамаи ин чор чизро дар бар гирад, эҳтимол ҳамин ҷо ҳолати Flow-и ту пайдо мешавад. Он вақт ту ҳар саҳар бо хоҳиши иҷро кардани кори худ бедор мешавӣ.

Барои мисол, мехоҳам яке аз вохӯриҳои худро бо як ҷавони боистеъдод дар Ҷопон нақл кунам. Ман бо як ҷавоне вохӯрдам, ки фарҳанги самурайҳоро дӯст медошт, аммо ӯ ҳамчун бармен дар як бари одӣ кор мекард.

Баъд ӯ бари худро кушод. Ӯ ба одамон нӯшокиҳо медод, аммо як фарқияти ҷолиб дошт: ӯ либоси махсус мепӯшид ва бо кордҳои махсус яхро мебурид, мисли як самурай. Қисми ҷолибаш ин буд, ки одамоне, ки ба он бар мерафтанд, бештар барои дидани ӯ мерафтанд онҳо мехостанд бубинанд, ки чӣ тавр ӯ бо катана яхро мебурад.

Мақсад дар абрҳо пинҳон нашудааст. Он дар худи замин, коғаз, ғизо ва дар лаҳзаи воқеии ҳозира бофта шудааст.

Мубодила кунед

Telegram