Гузариш ба матни асосӣ
Ҳамаи мақолаҳо

4 дақиқа мутолиа 123 маротиба хонда шудааст

Вазни ҳастӣ

Муаллиф

Масъуди Солеҳ

Тасвири мақолаи «Вазни ҳастӣ»

Оё зиндагӣ кардан арзиш дорад?

Вақте ки мақому манзалат, осоиш, интизориҳо ва орзуҳои бузургро як сӯ мегузорем, бо саволе рӯ ба рӯ мешавем: оё ин ҳама мубориза, сабру таҳаммул ва талошҳо воқеан ба ранҷу машаққати зиндагӣ меарзанд?

Посухи ин саволро на ҳамеша аз китобҳо пайдо кардан мумкин аст. Баъзан худи зиндагӣ ба мо ҷавоб медиҳад: тавассути лаҳзаҳое, ки дар хотирамон нақш мебанданд ва ҳаргиз фаромӯш намешаванд. 

Бо гузашти вақт мефаҳмем, ки зиндагӣ на аз он сабаб арзишманд аст, ки бе дарду ранҷ мегузарад, балки барои он ки дар миёни душвориҳояш зебоиҳои зиёде нуҳуфтаанд. Зебоиҳое, ки аз мо ҳеҷ чиз намехоҳанд, аммо ба диламон оромиш мебахшанд: насими салқини субҳгоҳӣ, хишир-хишири қалам рӯйи коғаз, бӯи борон бар хоки ташна ва умеди фардое, ки ҳанӯз аз он чизе намедонем.

 Зиндагӣ кардан — ранҷ кашидан аст; наҷот ёфтан — дар ин ранҷ, маъное пайдо кардан аст.

                                 — Фридрих Нитсше —

Фақат як бор!

Мо ин зиндагиро танҳо як бор ба сар мебарем. Аммо бештари вақти худро бо ташвиши оянда, аз пайи нақшаҳо ва интизориҳо мегузаронем. Албатта, бояд пеш равем, рушд кунем ва барои беҳтар шудани зиндагӣ талош намоем. Вале дар ин миён гоҳе фаромӯш мекунем, ки чӣ гуна аз лаҳзаи ҳозир баҳра барем. Қадри таваққуф кардан, ба атроф назар андохтан ва эҳсос намудани он ки имрӯз низ бахше аз умри мост, аз ёдамон меравад. Зиндагӣ ҳамеша осон ва мувофиқи хоҳиши мо нест. Он на дастурамали омодае дорад ва на роҳи муайяни расидан ба хушбахтӣ. Аммо маҳз ҳамин пастиву баландиҳо ба он рангу маъно мебахшанд.

Бо гузашти рӯзгор меомӯзем, ки зебоии зиндагиро набояд танҳо дар дастовардҳои бузург ҷуст. Баъзан он дар ҳамон ҷое нуҳуфтааст, ки қарор дорем, ҳатто вақте ки аз душвориҳо хаста шудаем ва барои идомаи роҳ нерӯи зиёд надорем. Агар имрӯз касе ба шумо инро нагуфта бошад, фаромӯш накунед: шумо арзишмандед ва сазовори ҳамон меҳрубоние ҳастед, ки ба дигарон мебахшед. Ҳеҷ айбе надорад, агар ҳанӯз ҷавоби ҳамаи саволҳоятонро намедонед ё корҳоятон оҳиста пеш мераванд. Муҳим он аст, ки аз талош бознамонед. Ҳузури шумо дар зиндагии дигарон метавонад аз он чӣ худ мепиндоред, муҳимтар бошад.

Оё ман воқеан зиндагӣ мекунам ё танҳо тамошогари зиндагии хешам?

Баъзан гӯё дар толори синамои зеҳни худ нишаста, рӯзҳои умрамонро мисли тамошогарони хаста тамошо мекунем, на ин ки дар зиндагии худ фаъолона иштирок намоем. Ба ҷойи эҳсоси лаҳзаҳои ҳозир, гирифтори ташвишу нигарониҳо мешавем ва ҳар рӯзро ба омодагӣ барои ояндае табдил медиҳем, ки ҳамеша интизораш ҳастем.

Зиндагии мо ба китобе монанд аст, ки саҳифаҳои онро рӯз ба рӯз менависем. Набояд танҳо барои расидан ба саҳифаи охирини он зиндагӣ кунем. Бояд тамоми бобҳои онро, ҳатто саҳифаҳои душвору нохушашро, ҳамчун бахше аз саргузашти худ бипазирем. Мо ҷовидона дар ин ҷаҳон намемонем ва вақт зудтар аз он мегузарад, ки тасаввур мекунем. Ҳар лаҳзае, ки бо диққат ва қадрдонӣ сипарӣ мекунем, ба саҳифаҳои зиндагии мо хотирае меафзояд. 

Мо дар тасаввури худ бештар аз воқеият ранҷ мекашем.

                    — Сенека —

Бисёр вақт рӯзҳои имрӯзаамонро танҳо давраи интизорӣ мешуморем, гӯё зиндагии воқеӣ дар ҷойи дигар ё замони дигар оғоз мешавад. Аммо бояд аз ҷойи тамошогар бархезем ва дар зиндагии худ фаъолона иштирок кунем. Зиндагӣ маҳз дар ҳамин лаҳзаҳо, дар миёни мушкилот, нофаҳмиҳо, шодиву ғам ва воқеаҳои ҳаррӯза ҷараён дорад. Филми зиндагии мо аллакай оғоз шудааст. Ҳатто лаҳзаҳои душвор танаффуси ин филм нестанд, балки бахше аз худи саргузашти моянд.

Баъзан худро хурду нотавон эҳсос мекунем. Аммо ситораҳо низ аз дур бисёр хурд менамоянд. Шояд мо ҳам на ҳамеша дарк мекунем, ки ҳар яки мо то чӣ андоза беназирем ва дар зиндагӣ ҷойгоҳи худро дорем. Бо гузашти вақт як ҳақиқатро бештар эҳсос мекунем: зиндагиро набояд танҳо ба умеди фардо гузаронд. Он чизе, ки имрӯз дорем, шояд фардо танҳо ба хотира табдил ёбад.

Гӯё мо ду зиндагӣ дорем: зиндагии дувум аз ҳамон лаҳзае оғоз меёбад, ки дармеёбем танҳо як бор зиндагӣ мекунем.

Мубодила кунед

Telegram