Оё боре чунин шудааст, ки дар ҳуҷраи пур аз одам нишаста бошем, ба шӯхиҳои онҳо бихандем, дар суҳбатҳояшон иштирок кунем, аммо бо вуҷуди ин худро танҳо ҳис намоем?
Ин эҳсоси аҷибест. Гӯё ҳама чиз хуб бошаду ҳеҷ мушкиле вуҷуд надошта бошад. Мо ҷисман танҳо нестем, касе бо мо муносибати бад накардааст ва шояд ҳатто аз ҳамнишинии дигарон лаззат мебарем.
Аммо бо вуҷуди ин, дар диламон эҳсос мекунем, ки чизе намерасад. Мо метавонем одамони зиёдеро шиносем, вале ҳамзамон эҳсос кунем, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо моро воқеан намешиносад. Гӯё байни мо ва дигарон ду водии аз ҳам дур вуҷуд дошта бошад. Пуле ин ду водиро ба ҳам мепайвандад, аммо ин пул бар муносибатҳое устувор аст, ки мо дар онҳо шахсияти ҳақиқии худро пинҳон мекунем. Мо дар назди дигарон нақш мебозем ё ниқоб ба рӯй мегузорем. Барои ҳамин ин робита чандон устувор нест ва гӯё ҳар лаҳза метавонад канда шавад. Мо наметавонем эҳсосоти ҳақиқии худро ба дигарон нишон диҳем. Наметавонем дар назди онҳо озодона ҳамон гуна бошем, ки воқеан ҳастем.
Баъзан одамон моро танҳо аз рӯйи нақшҳое мешиносанд, ки дар зиндагӣ иҷро мекунем. Барои яке мо шахси шӯх ҳастем, барои дигаре хомӯш, масъулиятшинос ё касе, ки ҳамеша омодаи кӯмак аст. Аммо онҳо шояд надонанд, ки дар дили мо чӣ мегузарад. Баъзан худи мо низ дар пайдо шудани ин фосила саҳм дорем. Мехоҳем дигарон моро фаҳманд, аммо ҳамон эҳсосотеро пинҳон мекунем, ки мехоҳем онҳо дарк кунанд. Вақте суҳбат ба масъалаҳои шахсӣ мерасад, мавзӯъро дигар мекунем. Мегӯем, ки ҳама чиз хуб аст, зеро фаҳмондани он чи дар диламон мегузарад, осон нест. Баъзан ҳатто вақте мехоҳем эҳсосоти ҳақиқии худро баён кунем, ба ҷойи он механдем.Вақте касе аз ман мепурсад, ки бузургтарин тарсам чист, худро бепарво нишон дода, ҷавоби одӣ медиҳам: баландӣ, тортанакҳо ё торикӣ. Аммо шояд тарси бузургтарини ман ин бошад, ки рӯзе дигарон маро ҳамон гуна бубинанд, ки ман худамро мебинам.
Дар миёни одамон будан ҳанӯз маънои онро надорад, ки бо онҳо муносибати самимӣ дорем. Ҳазорҳо суҳбати одӣ наметавонанд ҷойи як суҳбати самимиро бигиранд, ки дар он худро озод ҳис мекунем ва метавонем бе ниқоб, ҳамон гуна ки ҳастем, бошем. Албатта, шарт нест, ки ҳама моро фаҳманд. Чунин интизорӣ ҳам воқеӣ нест. Аммо ҳар яки мо ба муносибатҳое ниёз дорем, ки дар онҳо маҷбур набошем пайваста фикр кунем, ки дигарон моро чӣ гуна қабул мекунанд ё дар бораи мо чӣ фикр доранд.
Баъзан мо на пазмони ҳузури як инсон, балки пазмони он эҳсосе мешавем, ки дар назди ӯ метавонем бе тарсу ниқоб худи худамон бошем.