Дилнозае, ки ҳаргиз дар бораи модар шудан ё модар доштан орзу намекард, ногаҳон аз ҷониби Худованд соҳиби модаре шуд, ки ӯро бо тамоми ҳастӣ қабул кард. Дилноза низ дар рӯзҳои аввал шармгин ва каме нороҳат буд. Аммо рӯзҳо гузаштанд ва бо мурури замон ӯ ин модарро бо тамоми ҳастии худ қабул кард. Дилноза хеле хушҳол буд ва дигар намехост аз назди модараш дур шавад. Рӯз ба рӯз кӯшиш мекард, ки ҳарчанд каме бошад, модареро, ки баъд аз ҳафт соли интизорӣ ба ҳаёти ӯ ворид шуда буд, хушҳол кунад.
Аммо ин хушбахтӣ дер давом накард. Пас аз якуним-ду моҳи модар доштан, ӯро аз модараш ҷудо карданд. Дилноза дар рӯзҳои охире, ки бо модараш буд, гӯё ҷудоии дарпешистодаро ҳис мекард. Ҳар лаҳза талош мекард, ки аз ӯ дур нашавад. Аммо, мутаассифона, ноадолатиҳои ин дунё ӯро аз модаре, ки ғайричашмдошт ба ҳаёташ ворид шуда буд, ҷудо карданд.
Аламовартарин чиз барои Дилноза ин буд, ки ҳеҷ кас ба ӯ нафаҳмонд, ки чӣ рӯй додааст, чаро бояд аз модараш ҷудо шавад ва чаро дубора баятимхона баргардад. Ӯ танҳо медонист, ки як рӯз модар пайдо кард ва рӯзи дигар боз ҳамон кӯдаки ятим шуд.
Дилноза боз ба ятимхона баргашт. Ҳамон ҳуҷра, ҳамон лӯхтакҳо, ҳамон муаллимон ва ҳамон кӯдакон... Ҳама чиз мисли пештара буд, аммо
Дилноза дигар ҳамон Дилнозаи пешина набуд. Дар дилаш саволҳои зиёде буданд. Намедонист, ки чаро чунин шуд, оё модар ҳам мехост аз ӯ ҷудо шавад ва оё рӯзе боз ӯро хоҳад дид. Аммо аз модараш хафа набуд. Ӯ танҳо намефаҳмид, ки чаро зиндагӣ баъзан инсонро аз чизҳои зебое, ки ба ӯ насиб мегардонад, маҳрум мекунад.
Дилноза боз табассум мекард, ба дигарон ёрӣ мерасонд ва меҳрубонӣ мекард. Аммо акнун медонист, ки зиндагӣ на ҳамеша аз рӯйи хоҳиши инсон пеш меравад. Бо вуҷуди ин, ӯ умедашро аз даст надод. Шояд рӯзе боз он оғӯши пурмеҳрро эҳсос кунад. Шояд не. Аммо он муҳаббате, ки дар он чанд ҳафта эҳсос карда буд, дигар аз дилаш берун намерафт.