Гузариш ба матни асосӣ
Ҳамаи мақолаҳо

2 дақиқа мутолиа 87 маротиба хонда шудааст

Шукр

Муаллиф

Маликаи Замон

Тасвири мақолаи «Шукр»

Мақоларо гӯш кунед

Шукри неъмат неъматат афзун кунад,

Куфри неъмат аз кафат берун кунад.


Шукр он ҳолатест, ки инсон доштаҳои худро дарк намуда, ба зиндагии худ аз нуқтаи назари неъматҳои мавҷуд менигарад. Аз дидгоҳи равоншиносӣ, шукргузорӣ ба инсон кӯмак мекунад, ки таваҷҷуҳи худро пайваста ба чизҳои норасида ва дастнорас равона насозад, балки имкониятҳо ва неъматҳои дар ихтиёрдоштаашро бубинад. Зеҳни инсон бештар ба рӯйдодҳои манфӣ тамаркуз мекунад; аз ин рӯ, шукрро метавон ҳолати огоҳона ва тағйирдиҳандаи нигоҳ ба зиндагӣ донист. Шахси шукргузор чунин намеандешад, ки зиндагӣ комил ва беайб аст , балки меомӯзад, ки ҳатто дар миёни душвориҳо низ неъматҳои мавҷудро бубинад.


Дар Ислом бошад, шукр танҳо ба гуфтани «Алҳамдулиллоҳ» маҳдуд намешавад. Дар Қуръони Карим омадааст: «Агар шукр кунед, ҳатман неъматҳои худро бар шумо меафзоям» (сураи Иброҳим, ояти 7). Бо ин оят аҳамияти шукр дар зиндагии инсон таъкид шудааст. Шукр он аст, ки инсон неъматҳоро аз ҷониби Худованд донад, онҳоро дарк кунад ва ба таври дуруст истифода барад. Аз ин ҷиҳат, шукр робитаи инсонро ҳам бо Парвардигораш ва ҳам бо зиндагии худ мустаҳкамтар мегардонад.


Пур аз шукр будан маънои инкор кардани мушкилотро надорад; балки маънои онро дорад, ки инсон дар канори мушкилот зебоиҳо ва неъматҳоро низ бубинад. Шукр кардан на барои он аст, ки ҳама чиз хуб аст, балки барои он аст, ки инсон дар ҳар ҳолат тавонад нишонае аз лутфу меҳрубонии Худовандро пайдо кунад. Чунин нигоҳ инсонро аз нооромии доимии ва хоҳиши «бештар доштан» дур намуда, ба қадршиносии он чӣ дар ихтиёр дорад, раҳнамун месозад. Шояд шукр, агарчи на ҳамеша шароити зиндагиро тағйир диҳад, тавонад тарзи нигариши инсонро ба он шароит дигаргун созад ба яке аз пурқувваттарин одатҳои маънавӣ табдил ёбад.

Мубодила кунед

Telegram