Гузариш ба матни асосӣ
Ҳамаи мақолаҳо

15 дақиқа мутолиа 47 маротиба хонда шудааст

Латифаҳо

Муаллиф

Фаттоҳ Шоҳинӣ

Тасвири мақолаи «Латифаҳо»

МАРГИ ЛАТОИФ ВА ДИЛҲОИ ЗАХМИН

 

Савол: Оё қалб бар асари гуноҳ мемирад? Оё қалбе, ки аз гуноҳ мурдааст, метавонад дубора зинда гардад ва ба олами охират рӯй оварад?

 

Ҷавоб: Устод Ҳазрат дар китоби “Ламъаҳо” захмҳо ва бемориҳои зоҳирии ҳазрати Айюб (алайҳиссалом)-ро бо бемориҳои ботинӣ, рӯҳӣ ва қалбии мо муқоиса намуда, мегӯяд: “Агар ботинро зоҳир ва зоҳирро ботин гардонем, худро аз ҳазрати Айюб бештар захмӣ ва бемор хоҳем дид. Зеро ҳар гуноҳе, ки содир мекунем ва ҳар шакке, ки ба сари мо ворид мешавад, дар қалбу рӯҳи мо захме ба вуҷуд меорад”.

Ба гуфтаи ӯ, захмҳои ҳазрати Айюб (а) ҳаёти кӯтоҳи дунёии ӯро таҳдид мекарданд, дар ҳоле ки захмҳои маънавии мо ҳаёти ҷовидонаи моро, ки хеле тӯлонӣ аст, таҳдид мекунанд. Гуноҳҳон тадриҷан дар қалб ҷой гирифта, онро сахт ва сиёҳ месозанд, то он ҷо ки нури имон аз он берун равад. Ӯ мефармояд: “Дар ҳар гуноҳ роҳе ба сӯйи куфр вуҷуд дорад. Агар он гуноҳ бо истиғфор зуд аз байн бурда нашавад, мисли кирм, балки чун мори хурди маънавӣ боқӣ монда, қалбро мегазад. Захмҳое, ки аз гуноҳ ба вуҷуд меоянд ва васвасаҳою шакҳое, ки аз ин захмҳо сар мезананд, паноҳ мебарем ба Худо, ба ботини қалб, ки ҷойгоҳи имон аст, таъсир карда, имонро заиф месозанд».

Пас, ҳар гуноҳ дар қалбу рӯҳи инсон захме ба вуҷуд меорад. Агар осори харобиовари гуноҳ ба захм монанд бошад, табобати он имконпазир аст. Бо тавба, пушаймонии самимӣ ва талаби ҷиддии шифо аз даргоҳи Худованд метавон ин захмҳоро тоза кард.

Дар вуҷуди инсон латифаҳо ва эҳсосоти нозуку ҳассосе ҳаст, ки сутун ва асоси рӯҳу қалб ба шумор мераванд. Аз раҳмати Худованд аст, ки ин латифаҳо, ҳатто агар борҳо захмӣ, пажмурда ва заиф шаванд ҳам, комилан намемиранд. Бале, инсон метавонад муддате лағзиш кунад, ба гуноҳ даст занад ва баъзе латифаҳои худро пажмурда созад, вале агар бо тарбияи дурусту ислоҳи маънавӣ ба сӯйи асли хеш бозгардад, латифаҳо, ки сарчашмаи аслии ҳаёти қалбӣ мебошанд, дубора зинда мешаванд. Аз ин рӯ, он латифаҳоеро, ки бар асари гуноҳ захмӣ, пажмурда ва рӯ ба хушкӣ овардаанд, метавон бо пушаймонии самимӣ ва тавбаи ҷиддӣ боз сабзонд, онҳо метавонанд дубора мева диҳанд.

 

Барҳазар бош!.. (Эҳтиёт намо!..)

Баъзе латифаҳо ҳастанд, ки бар асари баъзе гуноҳҳо абадан хушк, хомӯш ва мурда мешаванд. Вале ба гумони ман, ин латифаҳо аз ҷумлаи он латифаҳои асосие нестанд, ки сарчашмаи ҳаёти рӯҳию қалбии инсонанд. Устод Ҳазрат дар «Нотаи чордаҳум», «Рамзи сеюм» аз гуногунии таҷҳизоти маънавӣ ва латифаҳои дар вуҷуди инсон ҷойдодашуда сухан мегӯяд. Ӯ мефармояд, ки баъзе аз ин эҳсосот чунонанд, ки агар тамоми дунёро фурӯ баранд ҳам, сер намешаванд, дар ҳоле ки баъзеи дигар ҳатто зарраеро низ дар худ ҷой дода наметавонанд. Баъзе латифаҳо ҳатто тавони таҳаммули вазни як пари сабукро надоранд, яъне ба хурдтарин ҳолати ғафлат ва гумроҳӣ низ тоб намеоранд. Аз ҳамин рӯ, мефармояд: “Пас, эҳтиёт намо, бо диққат қадам гузор ва аз фурӯ рафтан битарс. Бо як луқма, як сухан, як дона, як нигоҳ, як ишора ва як бӯса ғарқ нашав!”

Бале, дар вуҷуди инсон эҳсосе низ ҳаст, ки метавонад тамоми оламро дар худ ҷой диҳад. Олам наметавонад Зоти Худовандро он гуна ки сазовори улуҳияти Ӯст, комилан таҷассум намояд. Аммо қалби инсон ва латифаи раббонӣ метавонад оинае бошад, ки Ӯро таҷассум кунад. Дар ҳадисе, ки Аҳмад ибни Ҳанбал ривоят кардааст, аз ҷониби Худованд омадааст: “Замин ва осмонҳо маро дар худ ҷой дода натавонистанд, вале қалби бандаи муъмини ҳалим ва нармдил маро дар худ ҷой дод”. Ҳазрати Иброҳим Ҳаққӣ ин ҳадисро бо услуби бисёр зебо чунин баён кардааст: “Ҳақ гуфт: дар замину осмон намеғунҷам, аммо дар аъмоқи дил шинохта мешавам”.

Вақте аз замину осмон сухан мегӯем, ҳатто низоми кайҳониеро тасаввур кунед, ки триллионҳо ва триллионҳо сол бо суръати нур аз мо дуранд. Ҳамаи он масофаи тасаввурнопазирро то раги гардани инсон ба ҷумлаҳо, сатрҳо, калимаҳо ва ҳарфҳои як китоб табдил диҳед ва ҳамаашро якҷо пеши чашм гузоред. Ҳатто агар ҳамаи онҳо ҷамъ шаванд, наметавонанд оинаи комили Зоти илоҳӣ бошанд. Онҳо метавонанд дар бораи Ӯ маълумоти муҳим диҳанд, вале наметавонанд Ӯро ба таври комил бозтоб диҳанд.

Бале, замину осмон наметавонанд оинаи комил бошанд, аммо инсон метавонад Ӯро дар виҷдони худ эҳсос кунад, дар латифаи раббонӣ, дар қалб ва дар умқи қалби худ, ки онро “фуод” меноманд, Ӯро дарёбад. Гӯё қалби инсон кони маъдан бошад ва Ӯ ганҷе дар дохили он. Инсон метавонад, албатта, бидуни муайян кардани кайфияту чигунагии Зоти Ӯ, Ӯро дар қалби худ пайдо кунад.

Дарки қалб метавонад маъноҳоеро ифода ва дар худ таҷассум кунад, ки аз маъноҳои ифодакардаи тамоми коинот болотаранд. Зеро Худованд инсонро бо эҳсосоту латифаҳое офаридааст, ки метавонанд оламро дар худ ҷой диҳанд.

Агар баъзе аз ин латифаҳо хомӯш, хушк ё пажмурда шаванд, инсон дигар наметавонад ба он масофаҳое бирасад, ки танҳо бо воситаи ҳамон латифаҳо расидан мумкин буд.

Масалан, ҳатто агар эҳсоси инсон боқӣ монда, шуураш аз байн нарафта ва иродааш фалаҷ нашуда бошад ҳам, агар латифаи раббонии ӯ хушк шуда бошад ва болу пари маънавияш шикаста бошад, ӯ ба мартабаҳое, ки тавассути латифаи раббонӣ метавонист бирасад, дигар расида наметавонад.

Тибқи назари умум, ба инсон панҷ ҳисси зоҳирӣ, ба истилоҳ “ҳавосси хамса”, ато шудааст. Инсон ба воситаи онҳо садо, ранг, андоза, ҳаракат, бӯй, таъм, сардӣ ва гармиро дарк мекунад. Ҳавосси хамсаи зоҳирӣ як бахши қобилияти дарк ва шинохти нафси ҳайвонии инсонро ташкил медиҳанд. Аммо раванди аслии дарку шинохт бо фаъол шудани ҳиссиёти ботинӣ, яъне латифаҳои дарунии идрок, комил мегардад. Ҳавосси ботинӣ низ панҷанд: ҳисси муштарак, тахайюл - қувваи хаёл, ваҳм - қувваи гумон, ҳофиза - қувваи ёдоварӣ ва мутасаррифа - қувваи тасарруф.

Бадеуззамон ҳазрати Нурсӣ мегӯяд, ки дар инсон ба ғайр аз инҳо боз даричаҳои зиёде ба олами ғайб вуҷуд доранд. Масалан, ӯ дар баробари ҳисси шунидан, дидан ва чашидан аз эҳсосоте бо номҳои “соъиқа” ва “шоиқа” низ ёд мекунад.

Агар дар инсон латифаеро, ки метавон «соъиқа» номид, пажмурда ё хомӯшшуда бидонем, чунин шахс дигар ангезаҳо, огоҳӣ ва таконҳои он латифаро, ки ӯро ба сӯйи хайр мебарад, эҳсос карда наметавонад. Яъне, бар асари шикастани болу пари соъиқа, инсон аз дастгирӣ ва тақвияте, ки метавонист аз он бигирад, маҳрум мешавад.

Шоиқа низ чунин латифаест, ки инсонро бо ангезаву таконҳои он метавонад ба иҷрои ҳатто вазнинтарин масъулиятҳои дини мубини Ислом бо ишқу шавқ водор созад. Чунон ки Нақиб Фозил баён кардааст, инсон метавонад ҳангоми таблиғи дини худ ҳатто мағзи сари худро аз бинӣ берун оварад ва ба ҷои ашк аз чашмонаш хун ҷорӣ шавад, вале боз ҳам бо шавқу завқи бузург бигӯяд: “Модоме ки дар роҳи Парвардигорам ҳастам, оташи Ӯ низ хуш асту нураш низ!” ва роҳи худро идома диҳад. Аммо агар инсон дар ҳифзи чунин латифаҳои худ эҳтиёткор набошад, як бӯса, як луқма, як дона ё ҳатто як калима метавонад боиси марги ҳисси шоиқа гардад. Бо куштани чунин латифа, инсон болу пари ишқу шавқи худро ба ибодату тоат низ мешиканад. Аз ин рӯ, баъзан як луқма, як дона, як бӯса ё як нигоҳ метавонад латифаҳоеро, ки қодиранд инсонро ба қуллаҳои сабзу зумуррадии қалб расонанд, ба марг расонад.

Баъзан чизҳое, ки дар асл неъматанд, як сомонаи интернетӣ, экрани компютер, гӯшаки телефон ё саҳифаи маҷалла, метавонанд боиси аз байн рафтани чанд латифа шаванд, бе он ки инсон ҳатто пай барад. Дар ҳоле ки лаззатҳои ҳалол барои инсон кофӣ ҳастанд ва дар доираи ҳароми як лаззат ҳазорҳо дард нуҳуфтааст, нодида гирифтани ин ҳақиқат метавонад қалбро ба сӯйи марг барад.

Баъзан рафтори сохтае, ки аз даруни инсон намеояд, сухани дурӯғ ё ҳарфи беҳуда ӯро ба сӯйи марги маънавӣ мебарад. Ҳатто чанд қатра ашки риёкорона ё рафторе, ки бо андешаи “бигзор дигарон маро бубинанд” анҷом дода мешавад, метавонад қалбу рӯҳро ба роҳи ҳалокат тела диҳад. Як луқмаи ҳароми нораво метавонад ба заҳре табдил ёбад, ки олами ботинии инсонро хароб мекунад.

 

Захмҳое, ки бо Ислом шифо меёбанд...

Бале, дар вуҷуди инсон латифаҳое ҳастанд, ки бар асари як ғафлат ё иштибоҳ метавонанд хомӯш шаванд. Пас аз хомӯш шудани онҳо, баъзан ҳақиқати ояти “Ҳаққо, ки корҳое, ки карда буданд, бар дилҳошон (ғолиб шуда) занг бастааст” (Мутаффифин, 83:14) таҷассум меёбад ва қалб комилан торик мешавад. Дар ин ҳолат он латифаҳо дигар зинда намешаванд. Ва агар онҳо аз ҷумлаи омилҳое бошанд, ки барои пажмурда нашудани инсон, нигоҳ доштани ранг, ишқу ҳаяҷон ва неруи маънавии ӯ заруранд, инсон бо куштани онҳо дар вуҷуди худ хастагӣ, сустӣ, танбалӣ ва роҳатталабиро ҷой медиҳад.

Агар латифаҳое, ки инсонро барои кашфи олами маънавӣ омода месозанд, мурда бошанд, ӯ ҳар қадар кӯшиш кунад ҳам, наметавонад ба марҳилаи кашф ва маърифати маънавӣ роҳ ёбад ва пешрафт кунад. Бисёре аз авлиё низ аз он шикоят кардаанд, ки баъзе латифаҳои онҳо аз байн рафтаанд. Зеро марги он латифаҳо то андозае садди роҳи камол ва пешрафти онҳо шудааст.

Аммо як нуктаро бояд бо таъкиди зиёд такрор кард, латифаҳои мурда ҳаргиз аз латифаҳои ҳаётӣ нестанд. Агар чунин намебуд, даъват шудани инсон ба тавба маъное намедошт. Агар гуноҳон латифаҳои ҳаётиро комилан мекуштанд, дар муқобили куфру инкори Худованд ҳеҷ латифае зинда намемонд ва дигар имкони бозгашт ба имон вуҷуд намедошт. Дар он сурат дарҳои имон баъд аз куфр ва бозгашт баъд аз иртидод комилан баста мешуданд. Илова бар ин, Ислом бозгашти инсон ба фитрати аслии хеш аст. Бо чунин бозгашт инсон гӯё фитрати дигареро ба даст меорад.

Агар куфру инкор метавонист дар як давраи муайян ҳувияти аслии саҳобагони киромро комилан тағйир диҳад, ҳеҷ яке аз онҳо дигар имон намеовард ва чун ситорагони тобноки осмон намедурахшиданд. Дар бораи баъзе авлиёи бузург низ ҳаминро метавон мисол зад.

Дар миёни саҳобагони киром инсонҳое буданд, мисли ҳазрати Абубакр (р.а), ки ҳам дар давраи ҷоҳилият ва ҳам баъд аз мусулмон шуданашон дар муқобили ҳаром сар фуруд наоварда, бо иффат зиндагӣ мекарданд. Аммо гурӯҳе низ буданд, ки пеш аз Ислом субҳу шом шароб менӯшиданд ва қариб ҳеҷ гоҳ ҳушёр набуданд. Баъд аз мусулмон шудан, аз чизҳое парҳез мекарданд, ки ҳатто ном бурданашонро нанг медонистанд.

Тибқи ҳадисе, ки Муслим ривоят кардааст, Амр ибни Ос (р.а) назди Паёмбар (с.а.с) омада, гуфт, агар гуноҳҳояш бахшида шаванд, мехоҳад бо Паёмбар байъат карда, мусулмон шавад. Паёмбар ба ӯ фармуданд: “Эй Амр, оё намедонӣ, ки Ислом гуноҳони пеш аз худро аз байн мебарад? Ҳиҷрат гуноҳони пеш аз худро аз байн мебарад ва ҳаҷ низ гуноҳони пеш аз худро аз байн мебарад?” Яъне, Ислом ҳама чизеро, ки пеш аз мусулмон шудан вуҷуд дошт, пок карда, аз байн мебарад.

Пас, ҳар чӣ дар он давра шикаста, хароб ва вайрон шуда буд, мусулмонӣ онро таъмир кард. Аслан Ислом барои ислоҳи камбудиҳо, шикастагиҳо ва харобиҳои вуҷуди инсон омадааст. Он омадааст, то касонеро, ки дар роҳ мондаанд, бардорад ва ба сӯйи мақоми лозима раҳнамоӣ кунад.

Пас, вақте инсон мусулмон мешавад, дигар бо он гуноҳоне, ки дар давраи ҷоҳилият ҳамчун бори гарон бар дӯш гирифта буд, боқӣ намемонад. Худованд бо раҳмати худ ба ӯ муносибат мекунад ва ӯро аз ҳар он чӣ бар дӯшаш вазнинӣ мекунад, раҳо месозад.

Аз ҳамин рӯ, саҳобагони киром инсонҳои бузурге мебошанд, ки ҳатто бисёре аз авлиё ба мартабаи онҳо расида наметавонанд. Бо вуҷуди он ки дар гузашта баъзе корҳоеро анҷом дода буданд, ки баъдтар гуноҳ шумурда шуданд, онҳо ҳатто аз бисёре аз авлиё пеш гузаштанд.

Пас, латифаҳои ҳаётии онҳо дар давраи ҷоҳилият комилан намурда буданд ва онҳо ҳамеша омодаи пазируфтани имон буданд. На танҳо имон оварданд, балки ба мартабаҳое расиданд, ки барои дигарон дастнорас гардид.

Бо вуҷуди ин, андешаи эҳтиёткорона ва дурусттар ин аст, ки саҳобагони киром дар давраи пеш аз омадани паёмбар ё давраи фитрат зиндагӣ мекарданд ва мо наметавонем худро бо онҳо муқоиса кунем.

Худованд мефармояд: “...ва мо ҳаргиз [қавмеро] муҷозот нахоҳем кард, магар он ки [миёнашон] паёмбаре мабъус карда бошем [то вазоифашонро баён кунад” (Исро, 17:15).

Ҳар боре ки ин оятро ба ёд меорам, таҳти таъсир қарор мегирам ва дар дил мегӯям: «Эй Худованд, раҳмати Ту чӣ қадар фаррох аст! Ту мефармоӣ, ки инсонҳоеро, ки паёми Паёмбарат ба онҳо нарасидааст ва имкони шинохтани Туро надоштаанд, азоб намекунӣ». Бале, ин оят дар баробари дигар маънои худ нишон медиҳад, ки дар давраҳои фитрат инсонҳое, ки вуҷуди Офаридгорро қабул мекунанд ва бо ақли худ ба чунин натиҷа мерасанд, низ метавонанд наҷот ёбанд.

Агар саҳобагони киром аз чунин давра бартарӣ ва имкони хос дошта бошанд, пас вазъи онҳо аз наслҳои баъдӣ фарқ мекунад. Яъне, касоне, ки Худовандро шинохтаанд, Ӯро дарёфтаанд, ба даргоҳи Ӯ роҳ ёфтаанд, аммо баъд онро тарк карда, аз он дур шудаанд ва ба бероҳагӣ афтодаанд, наметавонанд бо онҳо дар як мавқеъ қиёс карда шаванд. Аз ин рӯ, мо бояд ҳатто аз хурдтарин хатогиҳо низ парҳез кунем ва барои хомӯш ё мурда нашудани латифаҳои маънавии худ ҳадди аксар кӯшиш намоем.

 

Дархости эҳёи дубора

 Калимаи “хато” маро ба ёди ду ояти охири сураи Бақара меорад. Ин ду оят ҳамчун туҳфаи Меъроҷ ба Паёмбар (с.а.с) дода шудаанд. Аз Расули Худо ривоят шудааст: “Ҳар кас шабона ду ояти охири сураи Бақараро бихонад, ӯро кифоя аст”. Ҳамчунин, фармуданд: “Худованд сураи Бақараро бо ду оят ба поён расонд, ки онҳоро аз ганҷинаи зери Арш ба ман ато кард. Онҳоро омӯзед ва ба занону фарзандони худ омӯзонед. Зеро ин ду оят ҳам намозанд, ҳам дуо ва ҳам Қуръон”. Аз ҳазрати Умар ва ҳазрати Алӣ (р.а) низ ривоят шудааст: “Ҳеҷ марди оқилеро намедидам, ки пеш аз хоб ду ояти охири сураи Бақараро нахонад”. Дар ин оятҳо баъзе ҳушдорҳо ва пандҳо низ ҳастанд. Мо мехонем, ки Худованд ҳеҷ касро бештар аз тавонаш вазифадор намекунад, ҳар кори некеро, ки инсон анҷом медиҳад, ба нафъи худи ӯст ва ҳар бадие, ки мекунад, ба зиёни худи ӯст. Сипас, чунин дуоро меомӯзем: “Парвардигоро! Агар фаромӯш кардаем ё ноогоҳона хато кардаем, моро ба он муҷозот макун”. Дар ҳоле ки Расули Худо, ки Қуръонро ба мо таълим додааст, мефармояд: “Масъулияти хато ва фаромӯшӣ аз уммати ман бардошта шудааст”.

Паёмбар ба мо хабар медиҳад, ки дар мавриди корҳое, ки аз рӯйи хато ё фаромӯшӣ анҷом додаем, қалами ҳисоб бардошта шудааст ва барои онҳо аз мо ҳисоб гирифта намешавад. Бо вуҷуди ин, мо боз ҳам дуо мекунем: “Парвардигоро! Агар фаромӯш кардаем ё ноогоҳона хато кардаем, моро ба он муҷозот макун”.

Паёмбар (с.а.с) дар дуои маъмули хеш низ мефармоянд: “Худоё, хатоҳоямро бо оби барфу жола бишӯй ва қалбамро аз хатоҳоям чунон пок кун, ки либоси сафед аз олудагӣ пок карда мешавад. Миёни ман ва хатоҳоям чунон дурӣ андоз, ки миёни Шарқу Ғарб дурӣ андохтаӣ”.

Диққат кунед, он чизе, ки Паёмбар мехоҳад аз он ба андозаи масофаи тасаввурнопазири миёни Шарқу Ғарб дур бошад, “хатоҳо” мебошанд, яъне, ҳатто аз чизҳое, ки бар зидди ӯ навишта намешаванд ва барои онҳо мавриди ҳисоб қарор намегирад низ, мехоҳад ба куллӣ дур бошад.

Дар вуҷуди ҳар яки шумо латифаҳои зиёде ҳастанд, баъзеро мешиносед ва баъзеро намешиносед, баъзеро дарк мекунед ва баъзеро ҳатто эҳсос намекунед. Гоҳе авлиёи бузург онҳоро кашф карданд, вале натавонистанд барои онҳо номе муайян кунанд.

Ҳар яке аз ин латифаҳо инсонро қавӣ ва неруманд месозад, ба ӯ ҷасорат мебахшад ва ӯро ба қаҳрамони шавқу майл ва эҳсоси ботинӣ табдил медиҳад. Ба василаи онҳо инсон гӯё бе бол задан парвоз мекунад ва бо иҷозату инояти Худованд ба сӯйи Ӯ мерасад.

Агар хато ё гуноҳе чунин неруҳои пурқиматро дар вуҷуди инсон фалаҷ созад, ин хатари бисёр ҷиддӣ аст. Зеро баъзан як хато ё гуноҳ метавонад боиси марги як ё чанд латифа гардад ва ба ҳаёти қалбӣ ва рӯҳии инсон зарари бузург расонад.

Агар дар як давраи зиндагӣ ба чунин хатоҳо ва гуноҳҳо дучор шуда, латифаҳои худро аз даст дода бошед, бояд бидуни таъхир бо тавбаву истиғфор барои дубора зинда кардани онҳо кӯшиш кунед. Зарур аст, ки пайваста бар латоифи ботинии худ нафасҳои тавбаву инобат ва бозгашт ба сӯйи Худоро бидамед.

 

Хулоса

Дар вуҷуди ҳар инсон ҳамеша марг ва эҳёи дубора вуҷуд дорад. Марг ва зиндагии дубора ҳамеша рух медиҳанд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки мо Парвардигоре дорем, ки Қуръон дар бораи Ӯ мефармояд: “Ӯ [мавҷуди] зиндаро аз [моддаи] беҷон [нутфа] падид меоварад ва [моддаи] беҷонро аз [мавҷуди] зинда хориҷ месозад ва заминро – пас аз хушкӣ ва хазонаш – зинда месозад ва [шумо низ рӯзи қиёмат] инчунин барангехта мешавед” (Рум, 30:19). Ӯ ҳамеша метавонад ва чунин мекунад, ки аз мурда зинда ва аз зинда мурда берун оварад.

Дар матни оят феълҳо дар шакле омадаанд, ки бар замони ҳозира ва оянда далолат мекунанд, ба таъбири гузаштагон, он ҳам “ҳоли ҳозира ва ҳам оянда”-ро дар бар мегирад. Яъне, Худованд ҳоло аз мурда зиндаро берун меоварад ва дар оянда низ ба ин кор қодир аст ва онро анҷом хоҳад дод. Пас, дар мавриди дармони дилҳои захмини мо ва дубора зинда гардидани он латоифе, ки рӯ ба хомӯшӣ ниҳодаанд ва ҳатто мурдаанд, дари лутфи Худованд ҳамоно боз аст... ва мо низ бояд бо умед ба даргоҳи Ӯ рӯ оварда, дари лутфашро бикӯбем.

Мо танҳо бояд худро ба ҳузур оварда, дар баробари Ӯ бо тамоми вуҷуд омодаи фармонбардорӣ бошем. Даст бар синаи адаб ниҳода, бо камоли ниёз бигӯем: «Ба даргоҳи Ту паноҳ овардаем” ва бо зориву ниёиш чунин дуо кунем: “Эй Худованд, ба дилҳои мо дубора эҳё бахш ва латоифи моро бори дигар зинда гардон!”

Аз ин рӯ, мумкин аст баъзе латоифи мо бимиранд, аммо латоифе, ки ба ҳаёти маънавии инсон асосӣ ва ҳаётбахшанд, ҳаргиз ба таври комил нобуд намешаванд. Илова бар ин, Худованд метавонад ҳамаи онҳоро дубора зинда гардонад ва пас аз ин марги маънавӣ, эҳёи дигареро ба мо ато намояд. Дар ин ҳолат вазифаи ҳар яки мо дуо, зориву тавалло ва ниёиш аст, тавба, инобат ва бозгашт ба сӯйи Ӯ, яъне ҳар кас ба андозаи мартаба ва тавони худ ба сӯйи Худованд рӯй оварад ва аз Ӯ эҳёи дубора талаб намояд.

Мубодила кунед

Telegram