Гузариш ба матни асосӣ
Ҳамаи мақолаҳо

6 дақиқа мутолиа 51 маротиба хонда шудааст

Рӯҳҳои қулланишин (воломақом)

Муаллиф

Фаттоҳ Шоҳинӣ

Тасвири мақолаи «Рӯҳҳои қулланишин (воломақом)»

Рӯҳҳои қулланишин (воломақом) — онҳоеанд, ки андешаашон соф, ахлоқу

сиришташон пок, ҷисмашон неруманд, чашмонашон тезбин ва нигоҳашон равшан аст;

дилҳояшон нисбат ба тамоми башарият саршор аз эҳсосоти инсонӣ буда, барои миллат ва муҳити худ бо муҳаббат, шафқат ва таҳаммул метапад. Онҳо ҳамон чанд тан аз инсонҳои муқаддасе ҳастанд, ки аз дирӯз то имрӯз ба рӯйдодҳои таърихӣ самт бахшида, бори таърихро бар дӯши худ кашидаанд. Замон бо онҳо ва паёмҳое, ки онҳо пешкаш мекунанд, аз як мафҳуми нисбӣ берун омада, арзиш пайдо мекунад; макон ва гӯшаҳои торики он ба шарофати андешаҳои равшани онҳо ба долонҳои биҳиштӣ табдил меёбанд.

Дар атрофи як андеша, як фаҳмиш ва имон ба як Маъбуд муттаҳид шудан ва аз ҳастӣ ва ваҳдати худ огоҳ будан, аз муҳимтарин хусусиятҳои онҳост. Ягонагии худро хуб дарк мекунанд. Ҳамин ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳод онҳоро қавӣ карда, аз як муваффақият ба муваффақияти дигар мерасонад.

Дар лаҳзаҳое, ки сабабе барои ба ҳаяҷон омадан ва ба ҳаракат даромадан надоранд ё машғули ҷаҳони ботинии худ ҳастанд, сар ба зер, фавқулода ором, ҳамоҳанг ва чунон нарм мебошанд, ки инсон гумон мекунад онҳо фариштаанд. Аммо вақте ки сари вазифа меоянд ва барои андешаҳои худ ба ҳаракат медароянд, ногаҳон чун пӯлод сахт шуда, аз сахттаринҳо ҳам сахттар мегарданд.

Дар ҳолати одӣ ва табиии онҳо пай бурдан ба шуҷоату мардонагии даруни рӯҳашон бисёр душвор аст; аз нармтаринҳо нармтар, аз нозуктаринҳо нозуктар ва боадабтар рафтор мекунанд. Аммо вақте кор ҷиддӣ мешавад ва онҳоро ба хидмат фаро мехонанд, ногаҳон тағйир ёфта, ҳолати тамоман дигар мегиранд. Хусусан вақте роҳнамои дурустеро пайдо мекунанд ва боварӣ ҳосил менамоянд, ки роҳу мақсадашон ҳақ ва дуруст аст, дигар бо тамоми қувва ба кор мепардозанд. Ҳар кадоми онҳо чунон пур аз шавқу ғайрат мешаванд, ки метавонанд атрофиёнро низ ба ҳаракат оваранд. То замоне ки роҳнамо ба онҳо нагӯяд: «Биистед!», онҳо аз талошу ҳаракат даст намекашанд. Дар роҳи расидан ба мақсад аз душвориҳо ва монеаҳои сахт наметарсанд. Ҳатто агар роҳ пур аз ранҷу машаққат бошад ҳам, пеш мераванд ва ақиб намегарданд ва монанди аспи асиле, ки савораи худро пайдо кардааст, то аз шиддати давидан аз по афтад, медаванд.

Дар дасти роҳбаре, ки меҳрубон, азмнок ва шарики ҳамон эҳсосу андешаҳои онҳост, онҳо мисли пӯлоди зангназананда ва шикастнопазир мебошанд; ба ӯ мисли силоҳаш наздиканд ва то нафаси охирин ҳамроҳаш мемонанд. Ин мардони далер, ки ба роҳбари худ чунин аз самими дил вобастаанд, то замоне ки дар ӯ нияти нек ва ғайрату ҳиммат мебинанд, ҳатто як лаҳза ҳам аз вафодорӣ ва фидокорӣ ақиб намемонанд.

Барои Ватан ва миллати худ рӯзона нафасгирона талош мекунанд ва шабона намедонанд хобу истироҳат чист; тамоми умр пайваста мекӯшанд ва саъй мекунанд, ки ҳам Ҳақро ва ҳам мардумро хушнуд созанд.Агар бо ягон сабаб кори онҳо халалдор шавад, қувва ва ягонагиашон суст гардад ва пай дар пай бо мушкилоте рӯ ба рӯ шаванд, ки умеду ғайраташонро кам мекунад, онҳо ноумед намешаванд; агар тамоми ситораҳои осмонашон як-як фурӯ резанд ва дар атрофашон торикиҳо ҳукмфармо шаванд, заррае намеларзанд. Дарҳол ба Офаридгори худ рӯ меоранд, бо имон болу пар мегиранд ва бо гузаштаи бошукӯҳи худ пайваста, бо шавқу завқи тоза аз нав зинда мешаванд ва боз ба роҳ мебароянд.

Ин мардони далер ҳангоми танҳо мондан бо Маъбуди худ ҳар кадом инсони бисёр нозукдил, соҳибқалб ва соҳибвиҷдонанд, аммо дар майдони набард тамоман ҳолат ва симои дигар мегиранд. Чунонки Ҷоҳиз низ гуфтааст: «Касе, ки аз онҳо бигурезад, наҷот намеёбад ва касе, ки бихоҳад парвоз кунад, фурсати парвоз намеёбад!» Дар ҷойҳое, ки онҳо мегарданд, теппаҳо ҳамвор ва ҳамвориҳо бе монеа мешаванд. То вақте мавриди ҳамла қарор нагиранд, дар фикри ҳамла ба касе намешаванд; аммо вақте ҳамла кунанд, ба рақибони худ фурсат намедиҳанд. То он чизеро, ки аз пайи он шудаанд, ба даст наоранд, истодан ва ором гирифтанро намедонанд ва ба хобу истироҳат эътиное намекунанд...

Онҳо аз нафрат нафрат доранд ва мекӯшанд бадиҳоро бо некӣ дафъ кунанд; ҳатто дар баробари рақибони худ ба пастӣ тан намедиҳанд ва ҳамеша ҷавонмардона рафтор мекунанд. Бо касоне, ки мағлуб карда, ба зону даровардаанд, чунон муносибат мекунанд, ки гӯё ҳеҷ чизе рӯй надодааст ва аз ҷавонмардӣ нисбат ба онҳо лаззат мебаранд.

Дар тамоми корҳои худ оқил ва дурандешанд. Бо зиракӣ ва фаросати худ ҳатто масъалаҳоеро, ки ҳалнашаванда менамоянд, ҳал мекунанд. Ба одамони ноумед умед мебахшанд ва онҳоро ба талошу ҳаракат ташвиқ мекунан. Онҳо дорои зеҳни қавӣ ва қобилияти баланд ҳастанд, аммо ин истеъдоди худро ҳамеша барои фоидаи миллат ва корҳои нек истифода мебаранд. Ҳамзамон кӯшиш мекунанд, ки бо кори худ ба дигарон зарар нарасонанд.

Кишвар ва миллати худро бо ишқи амиқ дӯст медоранд, дар ин роҳ аз ҳар гуна баҳраҳои моддӣ ва маънавӣ фидокорӣ мекунанд ва мурдан дар ин роҳро ҳадафи зиндагии худ медонанд. Ҳар мусибате, ки ба сари миллаташон меояд, онҳоро аз умқи дил захмӣ мекунад; чунон захмӣ мекунад, ки тамоми лаззату хушиҳои дунёро аз ёдашон мебарорад. То замоне ки аз ин мусибату душвориҳо раҳо шаванд, онҳо дар оила ва ҷомеаи худ рӯҳи умеду бедориро зинда нигоҳ медоранд, дар наслҳои оянда азму рӯҳи муборизаро парвариш медиҳанд ва ба онҳо меомӯзонанд, ки ба ҷойи бо хориву зиллат дар асорат зиндагӣ кардан, бо иззату шараф мурданро интихоб кунанд; ба ин васила мекӯшанд он чиро, ки дирӯз ва имрӯз аз даст додаанд, дар наслҳои оянда дубора ба даст оваранд.

Муҳаббат ба хидмати миллат дар дили онҳо чунон қавӣ аст, ки дар ҳар ҷо ва дар ҳар вазифае бошанд, ин мақсадро фаромӯш намекунанд. Хоҳ дар мактаб бошанд, хоҳ дар хизмати ҳарбӣ, дар саҳро, мағоза, ҷойи кор, масҷид, маҷлис ё ҳатто дар вазифаи баланди давлатӣ — ҳамеша дар фикри онанд, ки чӣ гуна ба миллат ва мардумашонхизмат кунанд. Яъне хидмат ба мардум барои онҳо танҳо як вазифа нест, балки мақсадест, ки ҳамеша бо он зиндагӣ мекунанд.

Онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол ва иродаи қавӣ доранд. Манфиати миллатро аз манфиати шахсӣ ва оилавии худ болотар мегузоранд. Барои ҳалли масъалаҳои муҳими миллат бо тамоми қувва талош мекунанд ва омодаанд дар ин роҳ фидокорӣ намоянд. Дар баробари ҳар гуна душворӣ, фишор ва хиёнат, бузургтарин қувваи онҳо имони поку устуворашон аст. Аз ҳамин имон нерӯ, умед ва ғайрат мегиранд. Ба шарофати ҳамин паноҳгоҳи устувор онҳо аз қуллаҳое, ки убурнопазир менамоянд, мегузаранд, монеаҳои азимро аз миён мебардоранд ва бар дардҳое, ки табобатнопазир менамоянд, пирӯз мешаванд.

Дар маҷлисҳои онҳо аз шабу зимистон сухан намеравад; ҳатто дар ториктарин вазъиятҳо низ дар ҷаҳони андешаи онҳо манбаъҳои нуре, ки метавонанд ҷаҳонҳоро равшан созанд ва сарчашмаҳои гармӣ ва неруе, ки барфу яхро об мекунанд, пайваста меҷӯшанд. Дар ҳоле ки бисёр одамон аз душвориҳо ноумед мешаванд, онҳо бо қувваи имон умедвор мемонанд, ба дигарон низ умед мебахшанд ва роҳҳои аз нав қувват гирифтану ба пеш ҳаракат карданро нишон медиҳанд.

Мубодила кунед

Telegram