Фидои ин роҳ будан ба чӣ монанд аст?
Фидокорӣ он аст, ки инсон ҳама чизеро, аз ҷумла хӯрдан, хоб, пӯшидан ва хоҳишҳои нафсонии худро ба хотири дигарон қафо гузорад. Пас, ҳар як аҳли хизмат бояд фидокор бошад. Аммо чӣ тавр ва аз кӣ метавонем намуна бигирем?
Беҳтарин ва амиқтарин намунаи фидокорӣ Расули Акрам (с.а.в) ҳастанд. Он Ҳазрат чунон зиндагӣ карданд, ки баъд аз он кас дигарон аз чунин шеваи зиндагӣ оҷиз монданд. Зеро онҳо аз оғози ҳаёт то анҷоми он ҳамеша дар фикри дигарон ва дар изтироби имони онҳо буданд. Замоне ки ҷинҳо ва одамон исломро қабул карданд, дар фикру хаёлашон фақат анҷоми вазифа ва сафар ба сӯи «Рафиқи Аъло» буд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми адои вазифа инсон бояд бо тамоми вуҷуд машғули он бошад ва интизори дидори «Рафиқи Аъло» бошад. Фидокорӣ то андозае дар ақлу ҳушашон устувор буд, ки бидуни ба анҷом расонидани вазифа, зиндагӣ дар ин дунёро маъное намедонистанд. Ва хислати фидокориашон то ҳадде буд, ки вақте касе аз сахтии рӯзгор шикоят карда , мегуфт: «Аз гуруснагӣ санге ба шикам бастаем», он Ҳазрат бо камоли адаб мегуфтанд: «Ман ду санг бастаам».
Эй Расули Акрам (с.а.в), дар уфуқи фидокории ту мо ҳайрону сарсон ва ларзонем, чун тарбиятгари Ту беҳтарин ва роҳнамои Ту беҳтарин буданд! Аммо мо, бо вуҷуди он ки бо ноумедиҳо зиндагиро паси сар мекунем, бояд дар фикри боз ҳам устувортар будан дар роҳи Ҳақ бошем.
Ҳамеша ва ҳар шаб бояд аз худ як савол бипурсем: Агар имрӯз соати охирини ман бошад, чӣ бояд кард? Агар имрӯз дақиқаи охирини ҳаётамон бошад , чӣ? Ва ё агар сонияи охирин бошад, ба ҳузури «Рафиқи Аъло» ва Расули Акрам (с.а.в) чӣ гуна хоҳем рафт? Оё омодаем? Оё боре ҳам андешидаем, ки аз мо дар бораи дараҷаи фидокориамон пурсиш хоҳад шуд?