Инсони нав
Мо ба давраи нави таърихӣ ворид шудаем — даврае, ки дар он нишонаҳои раҳмату ёрии Худо бештар намоён мешаванд ва инсонро ба сӯи имон, маънавият ва эҳёи арзишҳои аслии худ мехонанд. Барои ҷаҳони мо асри 18 бештар давраи онҳое буд, ки аз асли худ дур шуданд ва бе андеша ба дигарон тақлид карданд. Асри 19 давраи касоне буд, ки худро ба фикру хаёлҳои гуногун дода, бо гузашта ва арзишҳои таърихии худ мухолифат карданд. Асри 20 бошад, давраи онҳое гардид, ки аз худ бегона шуданд, худро инкор карданд ва аз ҳамин сабаб нур ва роҳнамои худро ҳамеша аз берун ҷустуҷӯ намуданд. Нишонаҳое, ки имрӯз аз ҳар тараф дида мешаванд, нишон медиҳанд, ки асри 21 метавонад асри имон ва аҳли имон ва барои мо давраи эҳё бошад.
Аз миёни гурӯҳҳое, ки беандеша ва аз паси хаёлҳои гуногун саргардонанд, инсони наве ба вуҷуд хоҳад омад. Ин инсон фикр мекунад, таҳқиқ мекунад, дуруст муҳокима менамояд, ҳам ба ақл ва ҳам ба таҷриба аҳамият медиҳад ва дар баробари ин ба илҳом ва виҷдон низ бовар дорад. Ӯ мехоҳад беҳтар ва комилтар шавад ва ба зиндагӣ ҳамаҷониба нигоҳ мекунад, миёни дунё ва охират тавозун нигоҳ медорад ва дилу ақлро бо ҳам мепайвандад.
Албатта ташаккул ёфтани чунин инсони хубу комил якбора ва осон намешавад. Барои расидан ба ин дараҷа инсон бояд аз душвориҳо гузарад, сабр кунад, заҳмат кашад ва худро тарбия намояд.. Аммо вақте замонаш расид, ин таваллуди муборак ҳатман рӯй хоҳад дод ва ин насли нуронӣ ногаҳон дар миёни мардум пайдо хоҳад шуд. Чунон ки аз миёни абрҳои зич борон мерезад, аз қаъри замин об ҷӯшида мебарояд, баъди об шудани барфу ях гулҳои баҳорӣ рӯйи заминро мепӯшонанд ва қатраҳои шабнам бар рӯйи баргҳо менишинанд, инсони нав низ шояд имрӯз, шояд фардо, вале ҳатман хоҳад омад.
Инсони нав шахсияте хоҳад буд, ки худро аз таъсирҳои бегона раҳо кардааст ва мехоҳад бо қувваи худ устувор бимонад. На Шарқ ва на Ғарб наметавонад ӯро асир кунад. Ҳеҷ фикри бегона наметавонад ӯро аз роҳи дурусташ дуркунад. Ӯ мустақилона фикр мекунад, худаш қарор мегирад ва озодона андеша мекунад. Озодии ҳақиқии ӯ низ ба андозаи бандагияш ба Худо хоҳад буд. Ӯ кӯшиш намекунад ба дигарон монанд шавад, балки мехоҳад шахсияти худашро нигоҳ дорад ва худро бо арзишҳои таърихӣ ва маънавии худ бисозад.
Инсони нав фикр мекунад, меомӯзад ва имон дорад. Дар роҳи сохтани ҷаҳони худ аз имкониятҳои замонааш ба таври беҳтарин истифода мекунад ва ҳамзамон арзишҳои миллӣ ва маънавии худро ҳифз менамояд.
Ӯ мисли инсонҳои боимони гузашта имон хоҳад дошт ва мисли донишмандону андешамандони онҳо фикр хоҳад кард. Мисли онҳо барои расонидани паёми худ талош мекунад ва ба торикиҳо нур мебахшад. Дар ин роҳ ҳеҷ гоҳ аз фикри Худо дур намешавад. Барои баланд нигоҳ доштани ҳақ омода аст ҳар рӯз сахтиҳоро таҳаммул кунад. Агар лозим шавад, аз хона, оила ва дороии худ низ мегузарад. Ӯ дар фикри молу ҷон ва роҳати шахсӣ нахоҳад буд. Ҳар чизеро, ки имрӯз дар ихтиёр дорад, барои ояндаи
миллаташ сарф мекунад. Чунон ки тухм ба замин кошта мешавад, ӯ низ заҳматҳои худро дар роҳи ризои Худо мегузорад ва баъд бо сабр, дуо ва интизорӣ натиҷаи онро чашм ба роҳ мешавад. Ӯ будан дар роҳи ҳақ ва ҳатто мурдан дар роҳи ҳақро ҳадафи зиндагии худ медонад ва аз даст додани чунин ҳадафро барои худ талафоти бузург мешуморад.
Инсони нав барои расидан ба ақл, дил, рӯҳ ва эҳсоси одамон аз тамоми имкониятҳои замонавӣ истифода хоҳад кард. Аз китобу рӯзнома то маҷалла ва варақаҳои иттилоотӣ, аз радио то телевизион ва дигар воситаҳои хабарросонӣ — ҳамаи онҳоро барои расонидани андешаи худ истифода мебарад. Ӯ на танҳо худро исбот мекунад, балки мехоҳад ҷойгоҳ ва эътибореро, ки аз даст рафтааст, дубора барқарор намояд.
Ӯ аз ҷиҳати маънавӣ қавӣ аст ва дар зиндаги имрӯз аз бисёр соҳаҳо огоҳӣ дорад. Ӯ аз илм то санъат, аз технология то масъалаҳои маънавӣ ба соҳаҳои гуногун таваҷҷӯҳ дорад. Бо ҳар масъалае, ки ба зиндагии ӯ вобаста аст, ошно мешавад. Ӯ муҳаббати беинтиҳо ба дониш дорад, ҳар рӯз мехоҳад бештар биомӯзад ва маърифати худро амиқтар кунад. Аз ҳамин ҷиҳат ҳам бо аҳли илму дониш ҳамқадам аст ва ҳам дар роҳи маънавият пеш меравад.
Инсони нав нисбат ба тамоми мавҷудот пур аз муҳаббат аст ва арзишҳои инсониро муҳофизат мекунад. Аз як тараф, бо ахлоқ ва фазилат шахсияти худро месозад ва аз тарафи дигар, ба ҳама бо меҳрубонӣ муносибат мекунад. Ӯ танҳо дар бораи он фикр намекунад, ки худаш чӣ гуна бошад, балки дар бораи беҳтар шудани ҷомеа ва муҳити атроф низ андеша мекунад. Вақте имконият пайдо шавад, кӯшиш мекунад ин андешаҳои худро амалӣ созад.
Ӯ ҳар кори некеро, ки дар атрофаш мебинад, дастгирӣ мекунад ва дигаронро ҳам ба он даъват мекунад. Дар баробари корҳои бад мубориза мебарад ва то аз байн рафтани онҳо ором намешавад. Ӯ имон меорад ва дигаронро низ ба имон даъват мекунад. Ибодатро кори зебо медонад ва дар бораи он сухан мегӯяд. Китобҳои муфидро мехонад ва дигаронро низ ба хондан ташвиқ мекунад. Аз рӯзнома ва маҷаллаҳое, ки ба имон ва ахлоқ эҳтиром доранд, дастгирӣ менамояд. Барои расонидани чизҳое, ки ҷомеа ба онҳо эҳтиёҷ дорад, аз як ҷо ба ҷои дигар меравад. Бо ҳамин рафтораш рамзи масъулият ва вазифашиносӣ мешавад.
Инсони нав рӯҳи созанда дорад ва ба қолабҳои кӯҳна кӯр-кӯрона вобастагӣ надорад. Ӯ ба асли худ эҳтиром мекунад, вале дар айни замон худро нав мекунад ва метавонад ба рӯйдодҳои замона таъсир расонад. Ҳамеша кӯшиш мекунад пешсафи замони худ бошад. Ӯ бо шавқу ирода ва бо таваккал ба Худо ҳаракат мекунад.
Дар зиндагии ӯ кӯшиш ва таваккал ба ҳам пайвастаанд. Ӯ сабабҳоро ба назар мегирад, чораҳои заруриро меандешад ва баъд ба Худо таваккал мекунад. Касе, ки моҳияти ин ҳолатро намедонад, шояд фикр кунад, ӯ ё танҳо ба сабабҳо такя мекунад, ё ҳама чизро ба тақдир мегузорад. Аммо дар асл ӯ ҳеҷ яке аз ин ду нест. Инсони нав инсони тавозун аст: ба кор гирифтани сабабҳоро вазифа ва таваккал ба Худоро шарти имон медонад.
Инсони нав ҳам фатҳкунанда ва ҳам кашфкунанда аст. Ӯ бо ирода ва кӯшиши худ монеаҳоро паси сар мекунад, роҳҳой нав мекушояд ва ҳамеша дар пайи кашфи дониш, ҳақиқат ва имкониятҳой нав мебошад. Ӯ на танҳо ҷаҳони берун, балки қобилияту қувваҳои дарунии худро низ мешиносад ва рушд медиҳад. Бо имон ва маърифат ҳар қадар бештар ба ҳақиқати чизҳо наздик шавад, ҳамон қадар рӯҳия ва шавқи ӯ бештар мегардад.
Рӯзе мерасад, ки замин ганҷҳои худро барои инсони нав, ки бо илм, дониш, таҳқиқ ва заҳмати зиёд асрори табиатро бештар кашф кардааст - ошкор мекунад ва роҳҳои нави пешрафт пеши рӯяш кушода мешавад.